ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, сешанбе, 283-юмин рӯзи соли 2023 аст
Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.
***
10 октябри соли 2012 дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.
***
10 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.
***
10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шурои байнидавлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ оид ба экология доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.
***
10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.
***
10 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- Раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ Олег Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
10 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд.
10 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»
***
Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Маҳмуд Воҳидов -соли 1939 — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973).
***
Аскар Ҳаким -соли 1946 — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.