ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, панҷшанбе, 285-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 12, 2023 08:00

12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

 ***

12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

***

12 октябри соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.

***

Соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

***

12 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

*** 

12 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

 12 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

 ***

Дар Русия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

 ***

Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳамид Гадоев- соли 1922,— таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1978), профессор (1980), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975).

Октябрь 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш