ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, сешанбе, 290-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 17, 2023 08:00

17 октябри соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилӣ додаашонро  баррасӣ намуданд.

***

 17 октябри соли 2011 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир муҳокима гардид.

***

17 октябри соли 2012 дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар самти амният баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе раванди татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд.

***

17 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона шинос шуда, дар чорабинии Иди Меҳргони вилояти Суғд иштирок намуданд.

 ***

17 октябри соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи бразилии «Латина-Душанбе» (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ намуданд.

17 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ  МЕГАРДАД:

Рӯзи ҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.

***

 Рӯзи назми сиёҳ дар Амрико.

Октябрь 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш