ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, сешанбе, 297-умин рӯзи соли 2023 аст

24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуданд.
***
24 октябри соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Финландия баррасӣ шуд.
***
24 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок ва дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуданд.
***
24 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе тафсилоти масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопон зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ шуд.
***
24 октябри соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон Холмаҳмад Холовро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд.
***
24 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд.
24 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.
***
Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.