ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, панҷшанбе, 299- умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.
***
26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.
***
26 октябри соли 2011 Клуби футболи «Регар-ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.
***
26 октябри соли 2019 дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.
***
26 октябри соли 2021 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
***
26 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд.
26 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Давлатманд Холов – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.