ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, ҷумъа, 300-умин рӯзи соли 2023 аст
27 октябри соли 1932 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон ташкил шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода бурда шуд.
***
27 октябри соли 2011 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон маросими расмии мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли барқи 220- киловаттаи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ баргузор шуд.
***
27 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди «Шаҳристон» ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд.
***
27 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
27 октябри соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Кохи Сомон» бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои «Дастовардҳои Душанбе» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.
***
27 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиё»-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.
***
27 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
27 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.