ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, сешанбе, 276-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 3, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии федеративии Олмон ва Олмони демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 ташкил шуда буданд.

***

3 октябри соли 2013  ҷаласаи 20-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони хадамоти андози давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Минск баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи Ассамблеяи  байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

***

 3 октябри соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Созмони ҳамкории Шанхай  дар асри XXI» баргузор гардид.

 ***

 3 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

3 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.

 ***

 3 октябри соли 2022 дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

***

3 отябри соли  2022  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти ғалладона дидан намуданд.

3 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон- рӯзи муттаҳидшавии Олмони ягона.

***

Рӯзи ташкили Ҷумҳурии Корея.

***

Созмондиҳии Рӯзи умумиҷаҳонии Иттифоқҳои касаба.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зебо Аминзода  — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон (1980).

Октябрь 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст