Ташкилоти қарзии молиявӣ инфрасохтори заруриро барои татбиқи босамари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ доро мебошад
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ (22 июни соли 2023) чор моҳ сипарӣ шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Навбатпоӣ дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ аз байн меравад
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳимми иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.
То қабули Фармон аз ҷониби низоми бонкии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд
То қабули Фармон аз ҷониби низоми бонкии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида ва барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабули қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ташкилоти қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохти якчанд хизматрасонии давлатиро таъмин намудаанд.
Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро татбиқ менамоянд. Давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмуъ беш аз 5,7 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 миллион баробар гардид.
Ташкили 4 152 POS — терминал ва 19 708 QR–рамз
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ тавассути инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 POS — терминал ва 19 708 QR–рамз ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS — терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошанд. Дар айни замон ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Барои татбиқи Фармон ташкилоти қарзии молиявӣ инфрасохтори зарурӣ доранд
Таҳлили вазъи низоми бонкӣ бозгӯи он аст, ки ташкилоти қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд, ки қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.
Портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ фаъол гардонида мешавад
Тибқи хабари Бонки миллӣ, мушкилии асосие, ки дар айни замон дар соҳа ҷой дорад, набудани портали ягонаи пардохти хизматрасонии давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Тибқи банди 5 Фармони мазкур чораҷӯӣ намудани ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардонидани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Пеш аз ҳама, дар Фармон ишора гардидааст, ки то 31 декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол гардонида шавад.
Интизор меравад, ки то муҳлати муайянгардида ин инфрасохтори муҳим, ки шаффофияти амалиёти пардохти хизматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари масъул созмон дода мешавад. Вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, муваззаф гардидаанд, ки якҷо бо низоми бонкии ҷумҳурӣ барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз