Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Афғонистон аз 2440 нафар зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон бар асари заминларза на камтар аз 2445 нафар ҳалок гардиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Идораи мубориза бо офатҳои табиии вилояти Ҳирот хабар додааст.
Беш аз 2440 нафар дар натиҷаи якчанд заминларзаи пай дар пай дар Афғонистон ба ҳалокат расиданд, иттилоъ доданд шахсони масъул.
Аз ҳама бештар маҳалҳои аҳолинишини вилояти Ҳирот зарар дидаанд.
Тибқи маълумоти идораи маҳаллии мубориза бо офатҳои табиӣ, 13 деҳа қариб пурра хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расидааст.
Корҳо оид ба ҷустуҷӯи наҷотёфтагон ва таҳқиқи харобаҳо идома доранд.
Аввалин заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа субҳи рӯзи шанбеи 7 октябр, дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дода, сипас на камтар аз ҳашт пасларзаи қавӣ ба амал омаданд.
Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи башариро даъват менамояд, ки ба зарардидагони заминларза кумак расонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






