Вакили Маҷлиси намояндагон дар мулоқоти гурӯҳи геополитикии «Авруосиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок намуд

Октябрь 24, 2023 17:48

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод дар мулоқоти гурӯҳи геополитикии «Авруосиё»-и  Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид,  тариқи фосилавӣ иштирок намуда, сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар рӯзномаи ҷаласа  масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи гурӯҳи геополитикии «Авруосиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ», «Дар бораи ишғол намудани ҷойҳои холии гурӯҳи геополитикии «Авруосиё» дар мақомоти Вазорати роҳи оҳан», «Дар бораи интихоби раиси гурӯҳи геополитикии «Авруосиё» ва «Дар бораи сана ва соати баргузории ҷаласаи гурӯҳи геополитикии «Авруосиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ» дар ҳошияи Ассамблеяи 147-уми ИБ дар Луанда, Ангола» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Парвина Маликзода иброз намуд, ки тӯли сӣ соли равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон тавонистем механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем, ки имрӯз ба нафъи халқҳои бародарамон хизмат менамоянд. Мо ба муносибатҳои устуворона бо ҳамаи мамлакатҳо баҳои баланд медиҳем.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 24, 2023 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид