Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ фаъолона иштирок намуданд

Октябрь 13, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенкоро пазируфта, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар кори форуми байналмилалии «Рушди устувори ҳудудҳои кӯҳӣ» ва ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, назорати буҷет дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаҳои мазкур вакилони парлумон ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, намояндагони ҷомеаи коршиносӣ ва созмонҳои илмӣ, кормандони Котиботи Шурои АБ  ИДМ иштирок дошта, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии маҳаллӣ, инчунин масъалаҳои дастгирии молиявии нақшаи кории АБ ИДМ барои соли 2024 баррасӣ шуданд. Аъзои комиссия лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи истеҳсоли органикӣ»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Вакилони парлумон лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи ҳифзи хок» ва «Дар бораи мониторинги муҳити зист»-ро баррасӣ намуданд. Аъзои комиссия баъди муҳокима ба муаллифони лоиҳаҳо  таклиф намуданд, ки коргузории ҳуҷҷатҳоро ба охир расонда, дар маҷлиси оянда пешниҳод намоянд.

Коршиносон дар бораи ҷараёни кор оид ба лоиҳаи Консепсияи намунавии таълими экологӣ барои давлатҳои ИДМ маълумотро шуниданд. Таҳиягарон баён доштанд, ки экология дигар фанни байнисоҳавӣ нест, балки фанни таълимӣ мебошад. Тағйир додани таҳсилоти экологӣ одамонро масъулиятноктар намуда, ба рушди устувори иҷтимоию  иқтисодии давлатҳо бо хароҷоти камтар мусоидат менамояд. Кор оид ба лоиҳаи Консепсияи намунавии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ идома дорад. Аъзои парлумонҳо ҳамчунин масъалаҳои конгресси X  байналмилалии экологии Неваро, ки 25-26 майи соли равон баргузор гардида буд, муҳокима намуданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замин Рустам Латифзода ба аъзои комиссия қарорҳоеро, ки дар ҷамъбасти чорабинии густурда қабул шудаанд, пешниҳод намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи комиссияи АБ ИДМ оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният таъкид шуд, ки бо мақсади татбиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгароӣ барои солҳои 2020-2022 бо мақсади такмил ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузории миллии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи амният идома додани лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Маркази зиддитеррористии маркази давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудааст,  бо назардошти эродҳо корҳо амалӣ мешаванд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад
Рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамоиш доир гардид
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ду қонуни мукаммал баррасӣ гардид
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба се қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ 18 масъала баррасӣ карда шуд
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид