Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва конференсияи байналмилалии «Забони русӣ– асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Аъзои комиссия дар ҷаласа лоиҳаи конунҳои намунавӣ «Дар бораи баҳогузории кадастри давлатӣ», «Дар бораи шартномаҳои нигаҳдорӣ» ва «Дар бораи созишномаҳои миёнаравӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, табодули назар намуданд.
Вакилон ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои коршиносони Комиссияи доимии АБ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 21 сентябри соли равон баргузор гардид, маълумотро шунида, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шуро қарор қабул намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шурои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст. Дар рӯзномаи конфронс дар самтҳои зерин- мавқеи хозираи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон, иқтидори забони русӣ дар соҳаи ҳамкории башардӯстона, масъалаҳои омӯхтани забони русӣ ҳамчун забони модарӣ ва хориҷӣ дар мамлакатҳои иттиҳод ва берун аз он, забони русӣ ҳамчун забони қоидасозӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масъалаҳои актуалии забоншиносии ҳуқуқӣ, забони русӣ ҳамчун забони байналмилалии дипломатия, фаъолияти забони русӣ ва тарҷумаи касбӣ мубоҳисаҳо доир шуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти конференсия эъломияи хотимавӣ қабул шуд.
Инчунин имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин: лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи фондҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ», лоиҳаи қонуни намунавӣ дар таҳрири нав «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», консепсияи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Кодекси таълимии намунавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (қисми умумӣ) дар самти рақамикунонӣ», консепсияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи интеллектуалии сунъӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои комиссия ҳамчунин равишҳои пешниҳодкардаи таҳиягаронро оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» ва лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии мубодилаи байналмилалии академӣ баррасӣ намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин баррасии фаъолияти созмони бунёдии забон ва фарҳанги давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба робита бо донишгоҳҳои давлатҳои ин иттиҳод ва баргузории бозиҳои ҳабдаҳуми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Дар интиҳои ҷаласа комиссия нақшаи кор барои соли 2024 ва лоиҳаи рӯзномаи пешакии ҷаласаи навбатии иҷлосияи баҳории соли 2024-ро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон дар Қасри Таврическии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа баррасии таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳлили самтҳои ояндадори қонунбарории намунавӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои комиссия ҳамчунин пешниҳоди коршиносонро дар таҳияи лоиҳаи қонуни намунавии «Дар бораи алоқаи электронӣ дар муҳити захираҳои ВАО-и рақамӣ», «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ онҳо зараровар», лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи фаъолияти хайрия» дар таҳрири нав баррасӣ намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






