«ЗАБОН АЗ РӮДАКӢ ОҒОЗИ ХУД ЁФТ…». Забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон бештар рушд намудааст

Октябрь 5, 2023 08:34

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рӯ, дар моддаи 2 Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар посдории забони давлатӣ низ нақши бориз дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин маънои онро дошт, ки минбаъд дар мамлакати мо тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ бо забони тоҷикӣ доир мешавад.

Даврони Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ воқеан рӯзгори таҳкиму побарҷоии бинои ҳастии миллат — забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ки дар амри пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар маърузаву суханрониҳои хеш тозаю бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони давлатиро пайваста таъкид менамоянд. Пешвои миллат иброз доштаанд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».

Мояи ифтихормандии мо аст, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар асар эҷод намуда, ба ояндагон осори безаволу ҷовидонӣ ба мерос гузоштаанд.

Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки чун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти мардум нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замон тавассути забон ҳифз мегардад. Забон ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳое аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Имрӯз бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир насли ҷавони Тоҷикистон бояд ҳадди ақалл се‐чор забони хориҷиро донад. Дар ин робита ба ин Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро, бе донистани забони модарӣ аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад.

Пешвои миллат дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намудаанд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем».

Дар пасманзари гуфтаҳои Пешвои миллат таъкид намуданием, ки забони мо сарват ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва мо, соҳибони ин забон мебошад.

Забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат намуда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имруз нигаҳдорӣ гардидааст, ки ба таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад.

Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, «мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намуд. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.

Пешвои миллат 4 октябри соли 2019 зимни суханронӣ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад. Дар робита ба устувор намудани пояҳои забони давлатӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти оянда ва бештар тақвият бахшидани мавқеи забони давлатӣ Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дорад.

Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад. Тавре шоир фармудааст:

Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,
Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.
Басе зебу фару эъҷози худ ёфт.

Воқеан, забони мо сарват ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо — соҳибони ин забон мебошад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2023 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад