ЗАБОНИ МО БО ИСТИҚЛОЛИ ВАТАНИ МО ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Андешаҳо дар ҳошияи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»

Октябрь 5, 2023 12:40

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии хирадмандона ва ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои бузурге дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, амниятиву низомӣ ноил гардид ва бо амалӣ намудани сиёсати хориҷии “дарҳои боз” ҷойгоҳи шоистаи худро дар анҷумани давлатҳои мутамаддини ҷаҳон пайдо намуд. Мояи сарфарозии миллат аст, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон чун давлати муваффақ дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва татбиқи ҳадафҳои роҳбурдии худ шинохта шуда, Пешвои миллат аз табори сарварони сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар баробари ҳалли муваффақонаи муаммоҳои давлати худ дар рафъи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз саҳми бузург гузоштаанд, эътироф шудаанд.

-Яке аз дастовардҳои камназири Тоҷикистон, ки самара ва маҳсули талошу ибтикороти сарнавиштсози Пешвои миллат дар давлатсозии миллӣ ва миллатсозии муосир дар давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба шумор меояд, ин тарроҳӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии ҳувиятсоз ва асолатбахш мебошад. Ҷавҳари ин сиёсати фарҳангӣ гароиш ба арзишҳои миллии маънавиву фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои асили аҷдодӣ, таҳкими худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллӣ ва дар маҷмуъ эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон буд. Эҳёи ҳувияти миллӣ василаи муассир барои таҳкими зербинои мафкуравии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бо таъмини ваҳдати маънавии мардуми мамлакат ба эҷоди фарҳанги муосир бо чеҳраи миллии тоҷикӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ Пешвои миллат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҳувияти миллиро дар меҳвари сиёсати фарҳангии худ қарор дода буданд.

Ҳувияти миллӣ аз унсурҳои зиёде ташаккул меёбад, ки онҳоро дар се унсури аслӣ ва ҷомеъ метавон метавон хулоса наму: якум, забон ва адаби миллӣ; дуюм, таърих ва асотири миллӣ; сеюм, суннатҳо, эътиқодот ва ҳикмату андешаи миллӣ.

Дар ташаккули ҳувияти миллӣ мақом ва нақши ин се унсур баробар бо ҳам буда, онҳо мукаммалкунандаи якдигар ҳастанд. Бо вуҷуди ин, забони миллӣ унсуре ҷомеътар ниcбат ба унсурҳои дигар аст, зеро адабиёт, таърих ва ҳикмати миллӣ дар қолаби забони миллӣ ҳастии худро пайдо менамоянд. Ба ин маънӣ, забони миллат унсури ҳастисози ҳувияти миллат ва мазҳари ҳастии миллат аст. Беваҷҳ нест, ки Сарвари давлат эҳёи забон, адабиёт, таърих ва маънавияти аҷдодӣ, таҷдиди расму русум ва ойину ҷашнҳои миллиро ба унвони унсурҳои ҳувиятсозии миллӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии худ қарор дода, халқи тоҷикро ба масири худшиносиву худогоҳии таърихӣ ва иттиҳоди маънавиву мафкуравӣ ҳидоят намуданд. Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, ин бардошти бунёдиро барои унвони китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» баргузидаанд.

Пешвои миллат дар аксари суханрониҳо ва таълифоти илмиву пажуҳишиашон нақши забони тоҷикиро дар сарнавишти таърихии миллати тоҷик, ҳифзу таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ таъкид дошта, эҳёи мақом ва манзалати таърихии онро чун муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ниёзи мубрами сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавиву маърифатии ҷомеа донистаанд. Яке аз василаҳои бароварда гардонидани чунин ниёзи маънавӣ, пеш аз ҳама, шинохти беҳтар ва комилтари забони миллат дар заминаи таҳқиқи дақиқу ҳамаҷонибаи сайри таърихии он аз даврони бостон то замони муосир, таъйини омилҳои тавонмандӣ ва боландагии забон ва ташхиси сабабҳои камрангиву заъфи он дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ, баррасии зарфият ва имконоти забони тоҷикӣ чун унсури давлатсоз ва миллатсоз дар шароити Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буд. Ҷои холии чунин таҳқиқи фарогирро дар тоҷикшиносии ватанӣ ва хориҷӣ, хушбахтона, нашри китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад ва то кунун ду ҷилди он ба зевари табъ ороста гардид, пур намуд. Бояд гуфт, ки китоби мазкур дар доираҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва хориҷ аз он чун асари илмии бунёдӣ доир ба гузаштаву имрӯзи яке аз маъруфтарин ва пурмоятарин забонҳои дунё – забони тоҷикӣ, ки дар асоси мадраку далелҳои муътамади илмию таърихӣ таълиф гардидааст, пазируфта шуд. Ҷилди аввали китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» муҳимтарин масоили илмии марбут ба таърихи забони тоҷикиро аз даврони пайдоиш то замони ҳамлаи муғул ва ҷилди дуюм сайри таърихии забони моро аз асри XIII то ибтидои асри XX инъикос менамояд.

Китоб бо фарогирии масоили илмии сертеъдод, аз қабили даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, саргузашти таърихии вожаи тоҷик ва истилоҳи забони тоҷикӣ, макон ва замони пайдоиши забони тоҷикӣ, вазъи забон дар давраи истилои араб, боландагӣ ва шукуфоии ин забон дар аҳди Сомониён, гузаштани забон аз имтиҳони сангини даврони ҳамлаи муғул, густариши забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон, мақоми забони тоҷикӣ дар аҳди Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, вазъи забони муштарак дар Эрону Афғонистони миёнаасрҳои пасин ва ниҳоятан забони тоҷикӣ дар арсаи таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсии ибтидои асри XX манзараи комили сарнавишти таърихии забони тоҷикиро дар заминаи дастовардҳои тоҷикшиносӣ ва забоншиносии муосир фароҳам овардааст. Бардошту хулосаҳои Пешвои миллат аз баҳсу баррасии масоили гуфташуда метавонанд муҳаққиқони таърихи забонро ба самти пажуҳишҳои тоза раҳнамун созанд ва бад-ин васила заминае муассир ба рушди тоҷикшиносӣ ва забонпажуҳӣ фароҳам оваранд. Афзун бар ин, хулосаҳои куллии муаллифи китоб аҳамияти бузурги маърифатӣ дошта, мардуми тоҷикро ба ҳифзи ҳастии маънавии худ ва идомаи дастовардҳои фарҳангии ниёгони тамаддунофар ҳидоят менамоянд.

Яке аз ҷанбаҳои омӯзандаи китоб таърифи истилоҳи “забони тоҷикӣ” аст, ки метавонад ба бисёр баҳсҳои ноҷо ва нораво дар ин хусус посухи дақиқи илмӣ ва таърихӣ диҳад. Пешвои миллат бо риояти рӯйкарди таърихӣ таъкид намудаанд, ки истилоҳи “забони тоҷикӣ” дар китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» ба маъно ва мафҳуми илмӣ ва сиёсии имрӯзаи он, яъне забони давлатии ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон аст, вале ҳангоми руҷӯъ ба давраҳои гузашта истилоҳи забони тоҷикӣ ҳаммаъно ва ҳамрадифи истилоҳҳои забони форсӣ, дарӣ ва форсии дарӣ мебошад ва забони муштараки тоҷикон ва қавмҳои форсизабонро ифода менамояд. Аз ин рӯ, муаллиф ин забонро “ганҷинаи нодири тақсимнопазир ва сарвати миллӣ”-и ҳамаи халқҳое донистаанд, ки давоми таърихи пурҳаводис онро бо ҷон парварида ва эмину пойдор нигоҳ доштаанд ва имрӯз ҳам ҳастии маънавии худро мадюни ҳастии ин забон медонанд.

Мусаллам аст, ки ин забони гӯёву пӯё ҳамвора нишони кистиву чистии тоҷикон дар масири таърих будааст, зеро бо ин забон бузургони адабу фарҳанги ин сарзамин, балки бузургони адабу фарҳанги олами мутамаддин, мисли Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Носири Хусрав, шайх Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлонои Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо номоварони дигар осори оламгир офаридаанд, ки он мояи ифтихору нозиш ва ҳуҷҷати барозандагии тоҷикон дар қаламрави шеъру сухан ва илму адабу фарҳанги ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Мурур бар саҳифаҳои китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» далел бар он аст, ки забони муштараки мо дар ҳама давру замонҳо рукне аз аркони худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии тоҷикон ва қавмҳои ориёитабор будааст. Муаллифи китоб собит кардаанд, ки дар мушкилтарин давраҳои таърихи миллатҳои мо, дар давраҳое, ки фишорҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳувиятзудо бар миллатҳоямон таҳмил мешуд, забони мо ин рисолати худро ба ваҷҳе аҳсан ба анҷом мерасонид. Дар таъйиди ин матлаб муаллиф далелҳое ҳам аз даврони дури таърихӣ ва ҳам аз давраи нисбатан наздик ба замони мо, яъне солҳои то соҳибистиқлолӣ иброз доштаанд.

Аз ҷумла, дар солҳои то соҳибистиқлолӣ, ба таъкиди муаллиф, дар Тоҷикистон корҳои муайяне дар соҳаи мактабу маориф ба забони тоҷикӣ ва навсозии ин забон анҷом пазируфтанд. Вале бо вуҷуди ин, забони тоҷикӣ дар аҳди мазкур аз арсаи равобити сиёсиву иҷтимоӣ бадар шуда, дар соҳати шеъру адаб ва муоширати кӯчаву бозору хона маҳдуд гардида буд. Омилҳои ҳувиятзудо ва фишорҳо ба фарҳангу суннатҳои миллӣ тадриҷан доман паҳн намуда, боиси ҷудоӣ ва дурии мардумони ҳамзабон гардид. Дар ин шароит забони тоҷикӣ метавонист яке аз муҳимтарин омилҳо ва ангезаҳои густариши худшиносӣ ва худогоҳии мардуми тоҷик бошад. Пешвои миллат бо дарки ин афзалияти забони тоҷикӣ аз оғози даврони истиқлолият онро дар паноҳи сиёсии худ қарор доданд ва бисёр мушкилоту маҳдудияти сунъӣ, ки дар замони пеш монеи густаришу такомули забон буданд, маҳз бо талош ва ибтикороти дурбинонаи он кас рафъ гардиданд. Пас аз касби истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шуруъ гардид, доираи истифодаи забони тоҷикӣ густариш пайдо намуд ва он дар маснади забони давлатӣ барқарор шуд.

Қабули Қонуни такмилшудаи забон дар соли 2009, тасдиқи Барномаи давлатии рушди забон, таъсиси ниҳоди вижа ҷиҳати пуштибонии давлатӣ аз забони тоҷикӣ — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муқаррар намудани 5 октябр ба ҳайси Рӯзи забон аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ҳадафи равнақи забони тоҷикӣ ва эҳёи мақому манзалати таърихии забони миллатро дар давраи Истиқлол пайгирӣ менамуданд. Ба иборати дигар, сиёсати забонӣ, ки дар заминаи ормонҳои даврони истиқлолият аз ҷониби Пешвои миллат тарҳрезӣ гардид ва қадам ба қадам татбиқ мешавад, боиси ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардидани забони тоҷикӣ гардидааст. Дар ин замина Пешвои миллат дар китоби хеш бо назаре ҳакимона ба пайванди забон, Ватан ва истиқлолият таъкид намудаанд, ки “забони мо бо истиқлоли Ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне вақте ватани мо ватани озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфоӣ ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз омилҳо ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёкони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст”.

Муаллифи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» бар ин назар ҳастанд, ки забони муштараки мо дар ҳама давру замонҳо посдор ва муҳофизи ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои тоҷикон ва мардумони форсизабон будааст. Дар таъйиди ин матлаб муаллиф далелҳои зиёде аз давраҳои гуногуни таърихи забонамон овардаанд. Аз ҷумла, дар китоб таъкид шудааст, ки рисолати бузурги ҳифзу идомаи ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои ниёгони тоҷикон ва ақвоми эронитаборро забони мо дар қарнҳои нахусти ислом дар беҳтарин сурат ба иҷро расонид. Он замон бар асари футуҳоти исломӣ мардуми бисёр кишварҳо, ки таҷрибаи таърихии чандинҳазорсола, тамаддуни оламгир ва давлатдории пуршукуҳ пушти сар доштанд, забони модарӣ, ҳувияти милливу маънавӣ ва арзишҳои давлатдории худро гум намуданд.

Ниёгони мо ва халқҳои дигари Эронзамини таърихӣ исломро пазируфтанд ва фузун бар ин дар таҳаввул ва рушди ислом ба ҳайси дини тамаддунофари ҷаҳонӣ нақши бузург ва мондагор гузоштанд. Дар баробари ин онҳо ба оғӯши фарогири ислом бо ҳифзи забон, асолати фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ворид шуданд. Дар ин раванди сарнавиштсоз, ба таъкиди муаллифи китоб, забони мо рукне аз аркони аслии бақои ҳувияти миллии ниёгони мо дар қарнҳои нахусти ислом буд.

Муаллифи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» таваҷҷуҳи хонандаро ба бархе аз рисолатҳои муҳимми забони мо ҷалб намудаанд. Яке аз чунин рисолатҳо, ба таъкиди муаллиф, омили ҳамбастагӣ ва ваҳдати маънавиву фарҳангии мардумони Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳр будани забони муштараки мо дар адвори гуногуни таърих аст. Муаллиф ишора намудаанд, ки давоми қарнҳои дароз ҳаводису воқеоти таърихӣ борҳо қаламрави паҳновари интишори ин забонро тақсим намуда, дар байни ҳамзабонон ҷудоӣ андохтанд ва ё мамониату маҳдудияте дар роҳи такомули забон эҷод намуданд, вале онро нобуд ва ё камранг сохта натавонистанд. Маҳз умумияти забон ва маънавиёт, пайвандҳои таърихӣ, устувории решаҳои фарҳангии мардумони форсизабон буд, ки имрӯз се давлати ин ҳавзаи таърихӣ –Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ин забонро забони расмии худ қарор дода, миллионҳо нафари дигар дар минтақа онро забони модарии худ медонанд. Бад-ин васила, забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо анҷоми рисолати ваҳдатофаринии худ дар гузашта ва имрӯз низ сабаби ҳамбастагӣ ва пайванди маънавиву фарҳангии мардумони минтақае бузург аз ҷаҳон гардидааст, зеро бо паймудани марҳилаҳои рушду таҳаввул қаламрави истифодаи забони мо фаротар рафтааст ва давоми садсолаҳо он нақши забони байналмилалиро иҷро намудааст.

Нуктаи ҷолиб ва омӯзанда он аст, ки муаллифи китоб бо ишора ба печидагиву мушкилии масъалаҳои таърихи забони мо ва баёни назарҳои мухталифи аҳли илм доир ба онҳо, аз ҷумла роҷеъ ба масъалаи макон ва замони пайдоиши ин забон таъкид доштаанд, ки “ин масъалаҳо бояд дар доираҳои илмӣ ҳал шуда, боиси ҷудоӣ ва ё дурии мардумони ҳамзабон нагардад”. Муаллиф навиштаанд, ки “барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтаанд. Ба назари мо муҳим он аст, ки ин мардум аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сардии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд”.

Мавриди тазаккур аст, ки хонанда бо қироати китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» на танҳо аз таърихи забони муштараки мо огоҳ мегардад, балки ба ӯ аз ин китоб паёми ягонагӣ ва пайванди маънавиву фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мерасад, ки беҳтарин мазҳари он ҳамин забони муштарак аст. Муаллифи китоб барҳақ таблиғкунандаи тақвияти пайвандҳои дерини маънавиву фарҳангие мебошанд, ки аз ниёгони бедордилу огоҳамон ба мо расидаанд. Аз ин рӯ таъкид бар он доранд, ки “дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз намуда, рукнҳои пойдории миллат ва давлатро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем”.

Ҳамзамон бо ин аз ин китоб ба гӯши хонанда даъвати шинохти қадру қимати забони модарӣ, даъвати посдорӣ ва ҳимояти ин мероси арзишманди ниёгон мерасад. Ин даъват дар китоб чунин тавзеҳ ёфтааст: “Насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ, таърихӣ ва илмӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ ҳифз намуда, онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд”.

Ҷойи сарфарозӣ аст, ки мардуми Тоҷикистон ин даъвати Пешвои муаззами худро пазируфтаанд. Далели боризи ин матлаб истиқболи гарми қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, хоссатан ҷавонон аз озмунҳои мухталиф, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва ғайра мебошанд, ки бо ҳидоят ва сарпарастии Пешвои миллат амалӣ шудаанд ва ҳадафи арҷ гузоштан ба забон, адабиёт, таърих ва маънавияти миллат, таҳкими худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллиро пайгирӣ менамоянд. Забондониву шеърхонӣ ва донишу маърифати иштирокдорони ин озмунҳо аз адабиёту таърихи миллат гувоҳи он аст, ки имрӯз бо талоши Пешвои миллат дар Тоҷикистони муосир арҷгузорӣ ба забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ба суннати нек табдил ёфта ва роҳро ба сӯи пояндагии забони тоҷикӣ ва боландагии фарҳанги миллӣ ҳамвор намудааст.

Китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро, ки паси ҳар ҳарфу ҳар вожа ва ҳар сатру ҳар ҷумлаи он ишқу алоқаи Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги тоҷикон нуҳуфтааст, метавон меҳрномаи муаллиф ба забони миллат номид. Дар тавсифи ин ишқу алоқаи фаровон, ситуданӣ ва омӯзанда ба забони миллат, ки маҳсули шинохти комили Пешвои миллат аз рисолати забони тоҷикӣ ба унвони рукни аслии бинои ҳастии миллат ва давлати тоҷикон мебошад, бояд аз меҳрномаи худи муаллиф мадад ҷуст, ки беҳтар аз он наметавон гуфт: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониам бузургиву тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош менамоям”.

Ҳамин ишқу алоқа ва садоқату муҳаббати бепоёни Пешвои миллат ба забон, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихии мардуми тоҷик ва талошҳои хастагинопазирашон дар таҳкими пояҳои маънавии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон парчамбардори ростини ҳимоят аз забон, маънавият ва фарҳанги ниёгон шинохта шудаанд. Ва яке аз далелҳои қотеи ин матлаб ҳамин китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» мебошад.

Низомиддин ЗОҲИДӢ,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2023 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?