ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ташаккули ин низом тавонист, ки имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб баланд бардорад

Ноябрь 15, 2023 15:09

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тақдири миллатҳо сарварони сиёсӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 бахту иқболи баланд насиби миллати тоҷик гардиду Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар аввалин суханронӣ иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам намуд». Роҳбари  давлат ба ҳамаи ваъдаҳои худ вафо намуда, дар муддати кӯтоҳ миллати парокандаро сарҷамъ намуда, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшиданд ва Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии боамн ва босубот ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёди соҳаҳои ҷамъиятӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, ҷанги шаҳрвандӣ бар болои он боз хисороти зиёд ворид намуд.

Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муназзами аксари соҳаҳоро аз сифр оғоз намуда буданд. Аз ҷумла, ташаккули корпуси дипломатии сиёсати хориҷии давлат ва рушди минбаъдаи он, ташкили артиши миллӣ ва ташаккули инфрасохтори ҳарбии мамлакат, ташкил намудани низоми нави хоҷагидорӣ дар шароити сармоядорӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд. Дар умум ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бо ташаббуси Пешвои миллат амалӣ  гардид, Тоҷикистонро аз буҳронҳои шадиди солҳои баъдиҷангӣ раҳо бахшид.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз сарварони муваффақ маҳсуб мешаванд. Сарвари давлат ташаккули сиёсати хориҷии ҷумҳуриро аз сифр оғоз намуданд ва барҳақ поягузори дипломатияи тоҷик мебошанд. Аз аввалин лаҳзаҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар асоси сиёсати бисёрсамта ташаккул дода, бо ҳамаи мамлакатҳои олам ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судмандро ҷонибдорӣ менамуданд. Ин буд, ки соли 2003 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон расман сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуданд. Пешбурди чунин сиёсат дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ бо манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ пурра созгор мебошад.

Тавре ки имрӯзҳо мушоҳида менамоем, дар олами муосир якчанд таҳдиду хатарҳое пайдо шудаанд, ки ҳеҷ як давлат дар танҳоӣ онҳоро аз байн бурда наметавонад. Аз ҷумла, терроризми байналмилалӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароию тундгароӣ, тавассути ҳуҷумҳои иттилоотӣ ташкил намудани бетартибиҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд. Дар чунин шароити ҳассос танҳо ҳамкорӣ, дастҷамъона амал намудан ва манфиатҳои ҳамдигарро ба инобат гирифтан метавонанд, ки ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат намоянд. Дар мавриди мубориза бо терроризм Президенти мамлакат борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуда буданд, ки даст кашидан аз стандарти дугона роҳи асосии ғолиб шудан бар терроризм мебошад.

Президенти мамлакат аввалин шуда, масъалаи истифодаи самараноки оби ошомиданӣ ва пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ бардоштанд. Сарвари давлат ба хубӣ дарк менамуданд, ки дар оянда сари истифодаи об низоъҳои гуногун метавонанд ба амал оянд. Бинобар ин, дипломатияи обро яке аз василаҳои асосии ҳалли масоили об ва пешгирӣ намудани чунин низоъҳо шумориданд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ шудаанд, тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои роҳбарии худ на танҳо Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд, балки имиҷи байналмилалии ҷумҳуриро бамаротиб боло бурданд. Натиҷаи чунин сиёсати оқилона буд, ки давоми солҳои охир ба мамлакати мо миллионҳо нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати сайёҳ ва ё соҳибкор меоянд ва бо фарҳанги миллии мо аз наздик ошно мегарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн барои Тоҷикистон ва мардуми шарифи ҷумҳурӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Аввал ин ки ташаккули низоми идоракунии президентӣ тавонист, ки самаранокии идоракунии давлатиро боло барад ва ба ҳалли низоъҳои сиёсӣ заминаи муҳим гузорад. Дуюм ин ки сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷумҳурӣ парчами сулҳу Ваҳдати миллӣ парафшонӣ намуд ва рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Маҳз бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат тоҷикон ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шинохтанд ва эътироф намуданд.

Ҷашни Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияту касбияти Пешвои муаззами миллат ҳамчун наҷотбахши давлату миллат мебошад. Хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва раҳонидани ҷумҳурӣ аз буҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию идеологӣ бори дигар моро водор менамоянд, ки нақши ниҳоди сарвариро дар ҳифзу бақои давлату миллат дарк намуда, Рӯзи Президентро ҳамчун рамзи давлатдорӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намоем ва идомадиҳандагони корномаҳои Пешвои миллат бошем. Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари давлат бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷашни Рӯзи Президент рамзи боварӣ ва эътимод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фирдавс ХОЛИҚОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тарбияи солим ягона роҳи пешгирии хурофоту тундгароӣ аст
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд
САДА-ҶАШНИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Он барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ нақши босазо дорад
25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Рӯзи байналмилалии маориф дар соли 2025 ба мушкилоти зеҳни сунъӣ бахшида шуд