Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Париж Ҳамоиши навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокдорони ҳамоиш перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша намуданд.
Кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 4 бахши мавзуи сулҳ ва амният, аз ҷумла ҳифзи сайёра ва сокинони он, таъмини эътимод ва амният дар ҷаҳони рақамӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба нобаробарӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди стратегӣ (SDGs) ва таъмини сулҳу бунёди ҷаҳони амнро дар бар гирифта, ба ин мақсад 49 лоиҳаи омодашударо ба нақша гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






