Ҳарифони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи Қатар маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола баргузор шуд. Тибқи он, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқа 16 дастаи беҳтарини қора дар 4 гурӯҳ иштирок менамоянд.
Ҷоми шашуми Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад. Се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Дастаи чорум дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои мунтахаби қораи Африқо барои як роҳхати дигари олимпӣ талош меварзад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Тоҷикистон баъди соли 2022 маротибаи дуюм аст, ки пайи ҳам дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






