АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин унвони олӣ сазовор гардиданд

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст», — чунин омадааст дар моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки 14 ноябри соли 2016 қабул шудааст.
Баъди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар таърихи 5 апрели соли 2016 ҳамасола дар Ватани маҳбуби мо 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мавҷудияти мансаби олии давлатӣ, ҳамчунин арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мо мебошад, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро баён доштанд. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани Ватану миллат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири рушду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки ин амалҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардиданд. Ҳамин аст, ки меҳнати фидокорона, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллии Президенти мо сабаби ба унвони олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарфароз гардидани ин шахсияти таърихии сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Пешвои миллати мо ин мансаби олии давлатиро ба мактаби давлатдорӣ, тарбияи насли нави сиёсии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гардониданд.
Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон, сулҳу ваҳдати саросарии миллӣ, ободии ватану диёр, шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати мо мебошад.
Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки мансаби Президент — ин таҷасумгари ормонҳои неки фарзандони миллати тоҷик, ваҳдат, меҳру садоқат, орзуву омол ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва мактаби сиёсатмадории Пешвои миллати мо ба хотири ояндаи неки халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.
Ҳақ бар ҷониби олими сиёсатшинос Рустам Ҳайдаров аст, ки гуфтааст: «Рисолати Президент аз он иборат буд, ки дар давраи мушкилтарини миллати тоҷик бори вазнини ватандориро ба дӯши худ гирифтанд ва бо ҷасорату мардонагии фавқулодаи худ бар ҳифзи сохти конститутсионӣ камар бастанд. Дар ин маврид ҷоиз аст бигӯем – Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат аст ва дар хотираи садҳо ҳазорон ҳамватанон бо ҳамин унвон боқӣ мемонад».
Асосҳои сиёсию ҳуқуқии таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин санадҳои ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарчашма мегирад.
Таъсиси мансаби Президент аз ду марҳилаи таърихӣ иборат мебошад. Марҳилаи нахустини он бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1990 «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» вобаста буда, тибқи ин қонун ин вазифа бо мақсади вусъати дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат, таҳкими сохти конститутсионӣ ташкил мешавад.
Ин марҳила то 27 ноябри соли 1992 – то қабули Қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия идома ёфт, ки тибқи ин қонун мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, вазифаҳои ӯ ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои вазирон вогузор шуданд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои гуногуни ба ном мардумӣ ин институти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат инкишофи минбаъдаи худро наёфта, аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии худро муддате аз даст дод.
Баъдтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2009 ин давраи вазнини таърихи миллатамонро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки «танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмуъ ҳамаи ин вазъи ҷомеаро мураккаб ва ноором сохт».
Марҳилаи дуюми таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр — 2 декабри соли 1992), Муроҷиатномаи Эмомалӣ Раҳмон — Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992, иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1993, фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон — Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21-22 июли соли 1994), ки дар он Конститутсия муҳокима гардида, ба раъйпурсӣ тавсия дода шуд, вобастагии амиқ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии комиссияи конститутсиониро ба зимма доштанд, дар ин хусус навишта буданд: «Бо назардошти тамоми хусусияти ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни мамлакат, бо мақсади муташаккилона гузаронидани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусияти хоси Тоҷикистон мебошад. Илова ба ин, аксарияти кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ намуданд». Дар иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар моддаи 2-и ин қонун пешбинӣ шуда буд, ки: «Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ин иҷлосия қабул гардид, гузаронида шавад».
Моддаи 9 ин қонун тартиби ба вазифа оғоз намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад, ки тибқи он: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шуруъ намудан ба вазифа дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум савганд ёд менамояд».
Дар иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Моддаи 1-и Қонуни конститутсионии мазкур тартиби интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабот ба номзадро муайян намуд, ки тибқи он: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад».
6 ноябри соли 1994 дар баробари бо роҳи интихоботи умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб интихоб гардида, 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби чаҳорум (моддаҳои 64-72) барои фаъолияти муназзам, самаранок ва иҷрои вазифаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити сиёсию ҳуқуқиро фароҳам оварда, салоҳияти Президент дар ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ такмили сазовори худро ёфт.
Ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рафти минбаъдаи давлату давлатсозӣ дурустии роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саҳми Пешвои миллат ва муносибати халқи мамлакатро барои ба лексикони сиёсиву ҳуқуқӣ ворид намудани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти идоракунии самаранок ва сохтмони давлатӣ, рушди тамоми институтҳои ҷомеаи демократӣ, боло рафтани эътибори давлат, нақш ва манзалати инсон ва шаҳрванд баръало собит намуд.
Нахуст, эътимоди халқ ва баъдан эътимоди дигар қувваҳои сиёсии мамлакат ба ин институти давлатдорӣ қавӣ гардида, дар мамлакат фазои ором ва суботи бардавоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги волои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва иштирок дар идоракунии давлат рӯйи кор омад.
Халқ зери ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, давлат зери роҳбарии Президент барои бунёди ҷомеаи адолатпар ва давлати иҷтимоӣ, инчунин фаъолияти беназири созандагию бунёдкорӣ имконият ва шароити воқеӣ пайдо намуд.
Имрӯз мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем, он касро дар баробари дигар муқаддасоти миллии худ дарёфти таърихии миллати худ арзёбӣ менамоем, атрофи он кас муттаҳидем, бо номи он кас, ки рамзи ободию саодати моянд, фаъолият менамоем ва дар зери дастуру ҳидоятҳояшон Ватани азизамонро ба ободию шоҳкориҳои минбаъда мерасонем.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
АКС: АМИТ «Ховар»