БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Ҷавонони фаъол ва волонтёрон ташаббуси тақсими парчам нишон доданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақсими парчам байни ронандагон доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ.
Иқдом бо ҷалби васеи волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардида, зимни он зиёда аз 2000 парчам ба ронандагон тақсим шуд.
Мақсад аз баргузории ин иқдоми ватандӯстона, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани рамзҳои муқаддаси миллӣ мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид






