«БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН». Ин мукофоти Сарвари давлат мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст

Ноябрь 22, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр хабари дар Қасри Кремл бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доштанд, шунида, ҳисси ифтихор вуҷудамро фаро гирифт. Аз тоҷику тоҷикистонӣ буданам ифтихор кардам. Воқеан ҳам, мояи ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки Пешвои миллати моро ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ эътироф менамоянд. Сарфарозем, ки таҳти роҳнамоии чунин Роҳбари давлат ҷумҳурии мо ба суи ояндаи боз ҳам дурахшон устуворона қадам мегузорад.

Чунин нигоштааст сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Эркин Достиев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

Дар зер матни пурраи мақолаи номбурда пешниҳод мегардад.

— Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2022 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар паёми шодбошӣ, ки ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд, чунин гуфтааст: «Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди мамлакати худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед. Ҳамчун дӯсти ҳақиқии Русия Шумо дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни давлатҳоямон, тавсеаи робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай шахсан саҳми бузург мегузоред».

Хотиррасон мешавем, ки 21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафтанд. Ҳамин рўз дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмиро ба Русия дар тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ қадами муҳим номиданд. Дар доираи сафар 8 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расонида шуд.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории байнидавлатӣ бо Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи мо бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт.

«Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд. Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд. Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем. Ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд. Шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад»,- иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар ин суханронӣ Пешвои миллат дар бораи омодагӣ барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия, ҳамчунин ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши шумораи онҳо изҳори андеша намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ изҳор доштанд, ки мо ба рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ахамияти бузург медиҳем. Зиёда аз 80 субъекти федералӣ ва хоҷагидории Русия имрӯз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд. Итминон дорем, ки густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳоямон мусоидат менамояд.

Эркин ДОСТИЕВ,
сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисод, дотсент

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Барои ҳифзи қабати он аз вайроншавӣ Конвенсияи Вена қабул карда шуд
ПАХТА — ЗИРОАТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН. Барои ҳавасмандии марди деҳқон арзиши ин маҳсулот бояд баланд бардошта шавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад
Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон мавқеи назаррас дорад
Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ самараи даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф