Дар Агентии «Тоҷикстандарт» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 5, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки кормандони агентӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Иштирокдорон оид ба моҳият ва арзиши волои Конститутсия ҳамчун рукни муқаддаси асосии давлатдорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар фарди солимфикру огоҳи мамлакат, аз ҷумла, кормандони Агентии Тоҷикстандарт имрӯз вазифаҳои басе муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунанда аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакат ва масъулияти онҳоро барои ояндаи шукуфои Ватани азизамон — Тоҷикистон баланд бардорем.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳоло аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Ноябрь 5, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд