Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчам барномаи сиёсию фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Қудрати озодагонро авҷи ҳикмат аст, Парчам!» барномаи сиёсию фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар додад.
Дар ҳамоиш изҳор шуд, ки Парчами давлатӣ барои ҳар сокини мамлакат нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Он сокинони мамлакатро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар даъват менамояд. Имрӯз мо бояд аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин созем.
Миллати фарҳангсолори тоҷик аз азал соҳибпарчам буда‚ орзую омол ва эҳсоси хештаншиносии худро бо он ифода менамуд. Эҳтироми парчам арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорӣ аст.
Дар охир чанд нафар донишҷӯёни фаъол – иштирокчиёни озмуни байналмилалӣ бо нишони сарисинагии Ассотсиатсияи донишҷӯёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мукофотонида шуданд.
Ҳамоишро барномаи ҷолиби консертии шуъбаи фарҳанги донишгоҳ, иборат аз рақсу суруд ва шеърхонӣ дар васфи Парчами давлатӣ ҷолиб намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






