Дар Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занон конференсияи илмӣ — назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тазаккур дода шуд, ки масъалаи баландбардории мақому мартабаи занону духтарон дар ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат пайваста иброз менамоянд, ки «нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад».
Гуфта шуд, ки мақсад аз қабули Барнома барои марҳилаи навбатӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар соҳаҳои гуногун, расидан ба натиҷаи муайянгардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, то ҳадди 25 фоиз расонидани шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда мебошад.
Ҳамзамон Барнома барои фароҳам овардани шароити мусоид ва имконияти ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеи онҳо, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҷамияти хизмати давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар интиҳои чорабинӣ ҷавондухтаронро даъват намуданд, ки аз ин имтиёзҳои давлату Ҳукумати мамлакат самаранок истифода бурда, донишу малакаи худро сайқал дода, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба халқу Ватани хизмат намоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






