Доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сохтори давлатдории навин конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёду ташаккули сохтори давлатдории навини Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-сиёсӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотии Сарраёсати Вазорати молия хабар медиҳад.
Конференсия бо ташаббуси Сарраёсати Вазорати молия дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир шуд.
Иброз гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғози таҳкими қонуният дар мамлакат буда, маҳз дар ҳамин ҷаласаи сарнавиштсоз Президенти Тоҷикистон дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи хеш вакилони мардумӣ ва халқи Тоҷикистонро атрофи хеш сарҷамъ намуданд. Дар асоси қарору санадҳои қабулгардида ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, бо ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат мушкилиҳои бар асари ҳодисаҳои шаҳрвандӣ боқимонда бартараф ва рукнҳои давлатдорӣ ташаккул ёфтанд. Сарвари ҷавони Тоҷикистон бо ҷасорату иродаи матинашон, ки аз меҳру муҳаббати бузург ба халқу меҳани худ сарчашма мегирифт, дар муддати кӯтоҳ вазъияти сиёсиро ба эътидол оварданд. Бо фароҳам овардани шароит бобати баргузории раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз меҳру муҳаббати бузург ба халқу Ватан, садоқату вафодории беҳад ба миллат ва азму иродаи бузурги сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар интихоботи соли 1994 бо бартарии овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 6 ноябр ҳамчун Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани рӯзҳои таърихиву тақдирсози Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам меорад, ки ҷомеаи донишпарвару фарҳангдӯсти мо бо мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор додани рӯйдоду саргузаштҳо аз ҳаёту фаъолияти қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу ояндаи меҳани худро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия ва ба воя расонанд.
Иброз гардид, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири татбиқи барномаҳои оинномавии ҳизб саъю талош варзида, азм намудаанд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои бузурги ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон










Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






