Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ноябрь 26, 2023 08:26

ДУШАНБЕ, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба 17+20 дараҷа мерасад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд шабона ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона  14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 26, 2023 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад