КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Аз 1 январи соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар фарзанди оилаи камбизоат пешбинӣ шудааст

Ноябрь 22, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 23 ноябри соли 2022 тартиби пардохти нави кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ қабул шуд ва шурӯъ аз моҳи июли соли равон ин нишондиҳандаҳо ­тағйир ёфтанд. Аз якуми июли соли равон то соли 2025 зиёдшавӣ аз 8 нишондиҳанда ба 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, аз моҳи июли соли ҷорӣ ним нишондиҳанда, аз якуми январи соли 2024 як нишондиҳанда ва аз якуми январи соли 2025 ду нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ) барои ҳисобҳо барои ҳар фарзанди оилаи камбизоат пешбинӣ шудааст, ки ин маблағҳо дар буҷети солҳои 2024, 2025 ва 2026 ба инобат гирифта шудаанд.

Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 ноябри соли 2023 баргузор гардид, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба таври пулӣ ё моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо) – е расонида мешавад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд.

Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ин мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар аст, мебошад.

Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.

Тавре гуфта шуд, кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешаванд. Кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешавад. Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъйин карда мешавад.

Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ расонида мешавад. Кумаки моддӣ бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад. Аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ба ин мақсад равона гардид.

Қобили тазаккур аст, ки ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ 43 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро барои соли 2024 ташкил медиҳад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 22, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст мегарданд
Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
Дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бинои нави клиника ва дармонгоҳ бунёд мегардад
Соли равон 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир ва навсозӣ мегардад
Кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
Ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуд