Мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Тоҷикистон вобаста аст

Ноябрь 15, 2023 17:32

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Эҳтирому эътирофи фазилатҳои сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдати ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Тоҷикистон вобастагии амиқ дорад»,-чунин баён дошт директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Ҷумахон Файзализода имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Ҷумахон Файзализода, дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки дар марҳилаву вазъияти барои давлаташон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ, роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян менамоянд ва дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ мегузоранд.

Бояд гуфт, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олӣ, ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва аз лиҳози ба фаъолият шуруъ намудани президентӣ муайян шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб мутобиқи муқаррароти зерқисми 73 моддаи 2-юми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ намудани Президенти Тоҷикистон баргузор гардида буд.

«Ин сана ифодакунандаи нахустин Рӯзи тақдирсози муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими нави давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуд. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд. Хизматҳои шоиставу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарор намудани ҳокимияти сиёсии давлатӣ, Истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ хеле бузург аст»,-афзуд мавсуф.

Ҳамоиш таҳти унвони «Президент-ҳомии ман» доир гардида, дар он намояндагон аз Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Маркази миллии қонунгузорӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода иброз дошт, ки таърихи тӯлонии тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз дорад.

«Гарчанде, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, вале ду санаи муҳими таърихӣ- Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён мақоми волоро соҳиб шудаанд. Дар иртибот ба ин мардуми шарифи Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба оини давлатдорӣ ва садоқат ба сиёсати Пешвои миллат ин ҷашнҳои фархундаро бо руҳияи баланди ватанпарварӣ таҷлил менамоянд. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати мутамаддини тоҷик дар таърихи навини мо аҳамияти беандоза муҳим дорад. Зеро ин санаи сарнавиштсоз ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки изҳори миннатдорӣ, эҳтиром ва эътирофи нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намоянд»,-афзуд Муҳиддин Пайшанбезода.

Таъкид гардид, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад