«МАН ШОИРОНРО ДӮСТ МЕДОРАМ!». Чанд андеша бахшида ба Рӯзи Президент дар бораи адабиётдўстии Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати адабпарварона ва адабиётдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он қадар дурахшону бармало аст, ки ҳоҷати таъкид надорад. Дар муддати беш аз сӣ соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон қариб ҳамарӯза мо дурахши ин сиёсат ва гармии муҳаббати Президентро ба адабиёту адибон ва аҳли фарҳанг эҳсос менамоем. Ва ин сиёсати адабпарварона, ки аз сиришти ватандӯстонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат рӯ мезанад, ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои ҳамчун Сарвари давлат ба сари кор омадани он кас хеле муҷалло падид омада буд. Дар ин хусус на як бор гуфтаем, ки аввалин дидор, нахустин мулоқоти Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар рӯзҳои аввалини давлатдорӣ маҳз бо аҳли илму адаб доир гардида буд ва ин чунин маънӣ дошт, ки сиёсати давлатдории Сарвари нави тоҷикон такя ба хирад, ба илму адабу фазилату маърифат хоҳад дошт. Дар аввалин мулоқот аз ҷониби Сарвари давлат роҳҳои оғозини бунёди мамлакати навини тоҷикон дар маслиҳат бо аҳли илму адаб матраҳ гардид. Сарвари ҷавони давлати навини тоҷикон дар баробари ибрози андешаҳои худ маҳз ба андешаву суханрониҳои олимону адибон таваҷҷуҳ намуда, хулосаҳои ба худ даркорӣ мебароварданд. Чунин воридшавиҳо ба умқи андешаҳои аҳли илму адаб, эҳтирому арҷгузорӣ ба илму адабиёт ва ба шахсияти фарзонагони замон минбаъд ба сиёсати некбинонаву ватандӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳо гузошт, ки ҳосили неки онро мо имрӯзҳо баръало мебинем.
Чунин ибрози назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло, ки дар зер андешаҳои пурраашонро меоварем.
— Банда далелҳои зиёдеро аз сиришти адабпарваронаву адабиётдӯстонаи Пешвои миллатамон мушоҳида намудаам, ки барои иброзу маънидоди онҳо фурсати зиёде зарур аст. Аввалин дурахши ин падидаро мо дар арҷгузории Пешвои миллатамон ба таърихи пурифтихори миллат, ба шахсиятҳои бузурги гузашта, ба фарзандони фарзона, ба он ифтихори миллие, ки пайваста дар сиришти ватандӯстонаи он кас афзунтар мегардиду ҳама халқамонро фаро мегирифт, дидаем. Дар бузургдошту ҷашну маросими аввалине, ки баргузор мегардиданду ҳадафашон худшиносии миллӣ ва дар сиришти халқ бедор намудани муҳаббату ифтихори миллӣ буд, муҳаббати Пешвои миллатамон ба илму адабиёт, ба шеъру сухан ҳамеша муҷалло падидор буд.
Аз ҷумла, таҷлили Симпозиуми байналмиллалии ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҳанӯз дар соли 1994 гувоҳи оғози сиёсати адабпарварона ва арҷгузорӣ ба бузургони адабиётамон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари адабпарвари он буд. Баъдан, соли 1995 мо шоҳиди баргузории бузургдошти Мир Алии Ҳамадонӣ, соли 1996- таҷлили ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 1997-таҷлили ҷашни 990-солагии Умари Хайём, соли 1998- 90- солагии Бобоҷон Ғафуров гардидем. Бубинед, дар он замони эҳёи навини мамлакат ҳар сол таҷлил ва бузургдошти як нафар фарзанди фарзонаи миллат рӯи кор омадааст.
Баъдан ин сиёсати маърифатпарварона дар замини сарсабзи Истиқлолияти давлатии мо боз ҳам бештар доман густурду шукуфо гардид. Аз ҷумла, ҳазорсолагии Носири Хусрав, ҳаштсадсолагии Ҷалолиддини Балхӣ, ҳазору яксаду панҷоҳсолагии Абуабдуллои Рӯдакӣ, шашсадсолагии Абдураҳмони Ҷомӣ, садсолагии Мирзо Турсунзода ва ғайраву ғайраҳо.
Дар ин радиф таҷлили ҷашнҳои шаҳрҳои бостонии мамлакат низ мусоидат ба эҳёи тозаи фарҳангу адаби миллӣ ва рушди онҳо дошт. Аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори бостонӣ… Ҳар кадоми ин ҷашну бузургдошт на фақат эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии халқи моро баланд бардошт, балки ба шарофати онҳо шаҳру деҳоти мамлакат обод гаштаву симои худро зеботар намуданд ва дар ин радиф ба рушди илму адабиёт, бунёду эҷоди асарҳои тозаи илмиву адабӣ, рушди ҳавзаҳои адабӣ мусоидат намуданд.
Метавон аз бузургдошти забони модарӣ, таҷлили Наврӯзи Аҷам ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он, аз эҳёи тозаи ҷашнҳои дигари миллии мо, амсоли Садаву Меҳргону Тиргон, эҳёи дубораи Шашмақому Фалак, ободии мавзеъҳои таърихӣ, амсоли Саразму Ҳулбук ва дигарон, таҷлили ҷашну иду маросими бешумори миллии мо дар замони истиқлолият, ки ҳама ҳадафи худшиносии миллӣ, таҳкими маънавиёти халқамонро доштанд, ҳарф зад. Мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна ин амалҳо ба таҳрики тозаи илму адабиётамон мусоидат намуда, дар партави онҳо эҷодиёти олимону адибони ҷумҳурӣ нумӯи тоза пайдо намуда, рангу бор ва оҳангҳои миллӣ гирифтанд. Ҳамаи ин чорабиниҳое, ки ном бурдем, маҳз бо ташаббус, дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланди байналмиллалӣ амалӣ гардидаанд.
Далелҳо дар мавриди ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллатамон аз адибон хеле зиёд мебошанд. Аммо яке аз ҷолибтарини онҳо дастгирӣ аз нашри китоб аст. Ин дастгирӣ дар он замони бисёр мураккаб, дар ҳолате, ки нашриёти мо, хусусан нашрияҳои адабӣ пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ касод гардидаву чопи китоб мушкил гардида буд, наҷотбахши онҳо гардид. Президенти Тоҷикистон барои аз нашр намондани китобҳои бадеӣ аз хазинаашон маблағи бузургеро барои интишори китобҳо, хусусан силсилаи китобҳои классикони адабиёти тоҷику форс таҳти унвони “Ахтарони адаб” ҷудо намуданд, ки теъдодашон пайваста ба панҷоҳ ҷилд расид. Ва ин иқдом ҳамасола то ба ҳамин қарибиҳо идома дошт ва боиси ҷон гирифтани нашри китобҳо ва баланд шудани сифати онҳо гардид. Ба ин васила на фақат китобҳои классиконамон, балки аз ҳисоби даромади интишороти онҳо теъдоди хеле зиёди асарҳои адибони рӯз низ интишор ёфтаву ба дасти хонандагон расид. Ин падида, ки ҳосили муҳаббату ғамхории Президенти Тоҷикистон нисбат ба адабиёт ва адибон буд, низ дар таърихи давлатдории дигар мамлакатҳо назир надорад.
Банда мехоҳам аз чанд амали мушаххаси Президенти Тоҷикистон дар мавриди муносибат ва муҳаббати хосаашон нисбат ба адибону адабиёт, он чи давоми ин ҳама солҳо мушоҳида намудаам, ёдовар шавам. Як далеле, ки Пешвои миллатамон инсони китобхону адабиётдӯст мебошанд, он аст, ки бори аввал ҳангоми пешвозгирии он кас дар фурудгоҳи пойтахт, вақте, ки сарбаланду пурнишот, пас аз баста шудани Созишномаи сулҳу оштӣ, 8 июни соли 1997 дар Москва, пас аз бозгашташон, гоҳе ки аз зинаҳои ҳавопаймо фуруд меомаданд, мушоҳида намуда будам. Ҳама сиёсатмадорони мамлакат ва хусусан аҳли зиё, аз ҷумла адибони варзидаи мо дар фурудгоҳи пойтахт ба пешвоз баромада буданд. Чун Президенти Тоҷикистон аз зинаҳои ҳавопаймо фуруд омаданд, аввалин гулчанбари зеборо ба истиқболашон аз адибони тоҷик устод Лоиқ ба гардани Президент ҳамоил намуданд. Хурсандии ҳамагонро ҳадду канор набуд. Президент қадамзанон бо табъи хуш ба онҳое, ки дар қатори пешвозгирандагон меистоданд, як-як даст дода, табрик менамуданд. Чун навбати мо, адибон расид, низ дасти Президенти Тоҷикистонро фишурда, табрик намудем. Президент пас аз табрики банда як қадам гузоштаву бозистоданду бори дигар назаре ба ман дӯхтанд. Ва сипас, каме таваққуф намуда, мисраъҳои аввали шеъри бандаро бадоҳатан аз ёд қироат намуданд:
Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Бададахшону Зарафшон!
Модареро чун тавон қисмат намуд
Пора-пора байни фарзандон!?
Ва бандаро ба оғӯш гирифта, гуфтанд: Раҳмат ба Шумо!
Банда дасту по хӯрдаву гуфтам: Ба Шумо раҳмат, Ҷаноби Олӣ, ба Шумо, ки сулҳ овардед!
Аммо Ҷаноби Олӣ, бори дигар гуфтанд: Не, ба Шумо раҳмат барои чунин шеър!
Раиси онвақтаи Иттифоқи нависандагон Аскар Ҳаким, ки дар он қатор бар ба бар истода будем, ба ваҷд омада, пас аз рафтани Президент гуфт: — Бубинед, Президент шеъри шуморо аз ёд медонанд.
Банда ҳам гуфтам: оре, ин гувоҳи завқу табъи баланд, ҳофизаи хуб ва адабиётдӯсту китобхон будани Президентамон аст.
Ин мисолро банда ҳаргиз на барои он овардаам, ки шеъри худ ва шахси худро таъриф намоям, балки барои исботи он ки Президенти Тоҷикистон завқи хуби китобхонӣ доранду китоби зиёд хондаанд ва аз навиштаҳои адибони муосир низ огоҳ мебошанд.
Баъдҳо суханони Президенти Тоҷикистон дар мавриди китоби банда “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”, ки дар мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат ироа шуда буд, низ гувоҳи бештари огоҳии Сарвари давлатамон аз эҷодиёти мо, адибон, гувоҳи китобхониву китобдӯстии Пешвои муаззами миллат мебошанд, ки гуфта буданд: “Як китоби шоири ҷавон, вале хеле боистеъдоду ватандӯсти мо Камол Насрулло “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” барои якдигарфаҳмӣ аз кӯшишҳои даҳҳо шахсони мансабдори бемасъулият бештару хубтар хизмат намуда метавонад.”
Ин суханҳоро ҳамагон хуб медонанд, аммо мисол овардани онҳо дар ин ҷо танҳо ба хотири нишон додани муносибати неку ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба китобу адибон ва гувоҳи мутолиа ва огоҳии ин шахсияти бузург аз илму адабиёт аст..
Пас аз пешвозгирӣ дар фурудгоҳ ҳамоиши мутантане ба муносибати имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ки дар он ҷо устод Лоиқ дар ҳузури Президенти Тоҷикистон ва аҳли шаҳр бори аввал шеъри ба ин муносибат навиштаи худро қироат намуданд:
Нури Ҳақ бар диёри мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад…
Як гувоҳи дигари такя ба аҳли илму адаб доштани Президенти Тоҷикистон мулоқотҳои анъанавии он кас бо аҳли зиё мебошанд. Ин вохӯриҳо воқеан падидае буданд нодир, ки ҳамто надоштанд. Дар онҳо на фақат аҳли зиё аз роҳнамоиҳои Пешвои миллат бархурдор мешуданд, балки ба онҳо имкон дода мешуд, ки ҳарфи худ, андеша ва пешниҳодҳояшонро ба самъи Пешвои миллат бирасонанд. Бисёре аз ҳамқаламони мо аз давлатҳои собиқ ба мо ҳасад мебурданд, ки мо чунин Президенти фарҳангдӯсту адабиётпарвар дорем. Бояд гуфт, ки ин мулоқотҳо дар рушду нумӯи илму адабиёт, дилгармии аҳли зиёи мамлакат ва дастгирии онҳо нақши бузургу муассир гузоштанд. Ва ин руҳияи ватандӯстонае, ки имрӯз сар то сари мамлакати моро фаро гирифтааст, маҳз ба шарофати ҳамин сиёсати адабпарваронаву ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон рӯи кор омадааст.
Наметавон дар ин гузориш аз як лаҳзаи фаромӯшношудании таърихӣ ёд наовард. Он рӯз мо, адибон ва ҳама аҳли зиёву мардуми тоҷик мафтуни суханони пур аз меҳру муҳаббат ва самимимонаи Президентамон будем. Вақте, ки Пешвои миллат дар мулоқоти хотирмони таърихӣ бо зиёиёни мамлакат ва адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё ҳузур доштанд, аз минбари баланд бо муҳаббат ва самимият изҳор доштанд, ки «Ман шоиронро дӯст медорам!», ҳама ҳозирин: ҳам зиёиёни тоҷик ва ҳам меҳмонон, адибони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз сари по хеста, дуру дароз кафкӯбӣ намуданд. Воқеан, дар ин изҳори Пешвои миллат меҳру муҳаббат ҷилвагар буд. Ин суханон дили мо, роҳи мо, дунёи моро равшан намуданд ва ман аминам, ки рӯшании он ҳамеша бо мо хоҳад буд.
Мо, шоирони тоҷик бо ҳама самимияту муҳаббати фарзандона дар ҷавоб мегӯем: Мо низ Президенти Тоҷикистон, Пешвои худамонро дӯст медорем, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот додааст, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро дубора эҳё гардонидааст, Пешвоеро, ки тавонистааст моро ба Ваҳдати миллӣ расонад, Пешвоеро, ки ному шарафи миллати моро баъд аз бузургони гузаштаву оламшумуламон дар арсаҳои ҷаҳонӣ дурахши тоза бахшидааст, Пешвоеро, ки шуълаи ишқи Ватанро дар ниҳоди ҳар яки мо фурӯзон сохтааст. Ва оқибат Пешвоеро, ки бо аҳли илму адабу ҳунари давлати хеш аст.
Чӣ қадар меҳр, самимият ва маъниҳои таҳтонии зиёде дар ин изҳор, дар ин мафҳум ҷилвагар аст: Ман шоиронро дӯст медорам!
Аввало, “ман шоиронро дӯст медорам”, яъне, ман ба сухан арҷи баланд мегузорам аст. Баъдан,” ман шоиронро дӯст медорам”, яъне, ман фарҳангу маърифату фазилати халқамро дӯст медорам, ман хазинаҳои маънавии гузаштагон, нобиғагони илму адаб, ҳунар ва истеъдод, завқу дониш ва хуҷастагиҳои миллати эҷодкори худро дӯст медорам аст. Ва оқибат, “ман шоиронро дӯст медорам”, яъне ман инсонро дӯст медорам, зебоиҳоро дӯст медорам, арҷи баланд ба ишқ, ба меҳру муҳаббат, ба одамгарӣ, хайрхоҳиву некномӣ мегузорам гуфтан аст. Бешубҳа, дар ин маврид дар мафҳуми шоирон тамоми равшанфикрони миллати мо ҳаққи ҳузур доранд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.
Муҳаббати Пешвои миллатамон ба адабиёту адибон то ҷое аст, ки дар баъзе сафарҳо он кас ҳатман адибонро ҳамроҳи худ мегирифтанд. Банда, ки дар чанде аз чунин сафарҳо иштирок доштам, баҳраҳои зиёде аз мулоқоту суҳбатҳои хоссаи Пешвои миллатамон бардоштаам. Маҳз дар ҳамин сафарҳо банда аз сифатҳои неки хайрхоҳиву некманишиву дурбиниву дурандешии Президенти Тоҷикистон огоҳӣ ёфтаам. Ҷолиб ин аст, ки Пешвои миллатамон ҷаҳонбинии хеле густурда дошта, огоҳиашон на танҳо аз сиёсати ҷаҳонӣ, балки аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, саноат, табиатшиносӣ, таърих, фарҳанг, ҳунару касбу кори гуногун хеле амиқ мебошанд. Воқеан гавҳаршиносе ҳастанд, ки аслро аз ноасл бо як назарашон метавонанд тафриқа гузоранд. Огоҳии хуб аз боғдорӣ, кишоварзӣ, сабзавоткорӣ, хусусияти обу замин, ҳама намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, ҳама намудҳои санъату фарҳанг, то ҷойе аст, ки дар ҳама ин соҳаҳо заршинос буда роҳнамоии хуби устодона дода метавонанд, ки мо инро борҳо дидаем.
Эҳёи навини ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну маросими миллӣ, мисли Садаву Наврӯзу Меҳргону Тиргон, ки низ бо иқдоми Пешвои миллат амалӣ шуданд, ангезиши намоёне ба омӯзишу эҷоди асарҳои адибону олимон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ додаанд.
Ғамхориву дастгирӣ аз адабиёту илму ҳунар аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қатъ нагардидааст. Ахиран ин ғамхории беназир дар баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», озмуне бахшида ба омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бори дигар партавафшон шуд. Хусусан, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ворид ва амалӣ гардидани номинаҳои эҷодии насру назм имкон дод, ки адибони навқалам аз тамоми гӯшаҳои дуру наздики мамлакат бевосита ба майдони озмоишҳои адабӣ бароянду боистеъдодтарини онҳо ба расонаҳо ва минбарҳои адабии марказ роҳ ёбанд. Давоми ин чаҳор соли баргузории озмун чӣ қадар истеъдодҳои ҷавон кашф гардидаву роҳнамоӣ шуданд ва беҳтарин намунаҳои эҷодашон ба нашр расид, ки ин падида низ собиқа ва назир надорад.
Парастиши китоб, муқаддас шуморидани он падидаи дерин аст, ки миллати мо онро асрҳои аср пос медорад. Ин ки дар ҳар хонадони тоҷик дар таҳи сари тифл китоб мегузоштанд, аз баландтарин намунаи парастиш ва эътимоду эътиқод ба китобу китобдорӣ аст. Метавон гуфт, ки ҳамин падидаи таърихӣ ба тарзи дигари тоза аз ҷониби Пешвои миллатамон дар замони мо амалӣ гардид. Тақдими китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони тоҷик дар саросари мамлакат низ амали беназире аст дар таърихи фарҳангпарастиву китобдӯстии миллати мо, ки рамзҳои бузурги зиёде дорад. Аз ҷумла, аввалан арҷгузорӣ ба китоб чун ба муқаддасот ва сипас, талқини китобдориву баҳраманд гардидан аз мутолиаи он. Ва оқибат, китобе, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун рамз тақдим шуд, ҳадафаш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, огоҳӣ аз хешу таърихи хеш ва беҳтарин василаи худшиносии миллӣ мебошад.
Ҷолибтарин падидаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон, аз назари банда, ин аст, ки Пешвои миллати тоҷикон на танҳо ин ҳама дастгириву ғамхориҳоро нисбат ба илму фарҳангу адабиёт ва олимону адибон раво дидаанд, балки худ низ бо ин ҳама масъулияти бузургу гирифториҳои шабонарӯзиашон фурсате ёфтаву ба эҷоди китоб машғул шудаанд. Бидуни он ҳама суханрониву маърузаҳои ҳадафноку ватандӯстонаи сарваронаашон Президенти Тоҷикистон хосса китобҳое эҷод намудаву ба табъ расониданд, ки хазинаи тиллоии китобдории моро хеле ғанитару қиматноктар гардониданд. Имрӯз китобҳои беназири Пешвои миллатамон: ”Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Забони миллат-ҳастии миллат” имрӯзҳо китобҳои рӯимизии хонандагони бешумори тоҷик гардидаву саҳми боризи худро дар шинохти ҳувият ва худшиносии миллӣ мегузоранд.
Эътимоди Президенти ватандӯсту адабпарвари миллати мо ба китоб, ба илму адабиёт, ба маросими бузурги миллӣ, ба анъана, расму ойин, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра беҳудаву беҳадаф нест. Инҳо ҳама сутунҳое ҳастанд, ки кохи фарҳангу маданияти мо, қалъаи имону виҷдони моро дар тӯли асрҳо алайҳи боду бӯронҳои шигифтангези таърих зиндаву пойдор нигоҳ доштаанд. Аввалин гомҳои Ҳукумати соҳибистиқлол ва халқи хирадниҳоди мо таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон дар эҳёи дубораи ин ҳама муқаддасоти миллӣ, хусусан забони модарӣ, ки шаҳсутун ва муттакои ҳастии миллати мо аст, дар дастгириву ғамхорӣ аз эҳёи суннатҳои баланди миллиамон, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам, ки мисли ҷавшан дар корзори таърих моро аз тиру туфанги марговари душманон ҳимоят намудаанд, дар посдории он ҳама нобиғагон — фарзандони наҷиби бузурги гузаштаи миллатамон худ нишону намои закои баланди Пешвои миллати мо мебошад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»