МУШКИЛОТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 2, 2023 10:34

ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзуи «Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Конференсия бо мақсади амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026 доир шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, коршиносону муҳаққиқони соҳа, осорхонаву ширкатҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Конференсия дар 5 қисмат, бахши ифтитоҳӣ ва 4 иҷлосия дар мавзуъҳои «Сайёҳии экологӣ- омили муҳими рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист», «Сарватҳои табиӣ ҳамчун омили ташаккулёбии соҳаи сайёҳӣ», «Нақши ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон дар рушди сайёҳии дохилӣ» ва «Масъалаҳои мубрами рушди устувори сайёҳии дохилӣ дар минтақаҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ ва муаррифи фарҳангу тамаддуни ҳар давлат маҳсуб мешавад. Солҳои охир бо дастуру роҳнамоии Президенти мамлакат таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ бештар гардида, санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқӣ ва татбиқи нақшаву ибтикороти алоҳида амалӣ мегардад.

Дар ин замина имконияти хизматрасонӣ дар соҳа густариш ёфта, инфрасохтори мухталифи хизматрасонӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегардад, ки ҳамарӯза талаботи ҳазорҳо сайёҳони дохилию хориҷиро қонеъ менамояд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 2, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад