ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН: АЗ БОМИ ҶАҲОН ТО АНТАРКТИДА. Далелҳо оид ба Парчами давлатии мамлакат ва кишварҳои дигари ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози моҳи сентябри соли 2011 Тоҷикистон бо баландтарин Парчами давлатиаш ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Хатти болоии парчами Тоҷикистон сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз аст. Хати сурхи парчам рамзи Офтоб, пирӯзӣ ва зафар аст. Сафед — покии ахлоқии мардум, барф дар қуллаҳои осмонбӯс, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ишғол менамояд. Ранги сабзи парчам рамзи нишонаи сарсабзӣ мебошад. Тоҷ бо нимдоираи ҳафт ситора рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷ дар парчам ифодагари миллати тоҷик аст, дар забони тоҷикӣ «тоҷвар» ба маънои «тоҷ» аст. Ҳафт ситора-ҳафт рамзи камолот, таҷассуми хушбахтӣ ва фазилатҳо мебошад.
Ёдовар мешавем,ки дар маросим бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Парчами давлатӣ дар баландтарин сутуни парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр барафрохта шуд (рекорди қаблӣ бо баландии 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт). Андозаи парчам 60 ба 30 метр ва вазнаш 700 килограмм аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакати мо на як бору ду бор дар арсаи ҷаҳонӣ баланд шуда, дар баландтарин қуллаи кӯҳҳои Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (Қуллаи Винсон, 4892 м) гузошта шуд ва қариб 7 моҳ дар кайҳон низ парафшонӣ намуд.
Қадимтарин парчами ёфтшуда аз металл сохта шудааст. Ин парчам дар Эрон дарёфт гардид, ки он асосан аз мис сохта шуда, тақрибан панҷҳазорсола мебошад.
Қадимтарин парчам дар ҷаҳон бо тарҳи бетағйир парчами Дания мебошад. Тарҳи он — салиби сафед дар заминаи сурх — аз соли 1625 инҷониб тағйир наёфтааст.
Парчами олимпӣ
Дар парчами ҳар давлат- иштирокчӣ ҳадди ақалл яке аз панҷ ранги ҳалқаҳои олимпӣ дида мешавад. Ҳалқаҳо ранги кабуд, зард, сиёҳ, сабз ва сурх доранд.
Парчами Ҷопон
Дар Ҷопон парчами миллӣ танҳо соли 1999 пайдо шуд. Аз соли 1870 парчам бо тасвири офтоб ҳамчун парчами миллии киштиҳои тиҷоратӣ ва ҳарбӣ, яъне танҳо дар флоти баҳрӣ истифода мешуд. Аммо азбаски Ҷопон барои намояндагӣ дар нишастҳои байналмилалӣ бояд парчам медошт, соли 1999 қонуне тасвиб шуд, ки парчами бо тасвири офтобро ҳамчун парчами давлатӣ тасдиқ намоянд (дар айни замон тарҳи он каме тағйир дода шуд).
Парчами Индонезия
Парчами Индонезия тақрибан ба парчами Нидерланд монанд аст, аммо дар сеяки поён рахи кабуд надорад. Пас аз 138 сол зери ҳукмронии Нидерланд зиндагӣ намудан индонезиҳо парчами мустамликадоронро канда, порае бо рахи кабуд бурида, ҳамчун парчами худашон дар соли 1945 барафрохтаанд. Ин ибтидои ҷанг барои истиқлолияти Индонезия буд, ки соли 1949 ба охир расид.
Парчами Амрико
Тарҳи парчами Амрикоро як мактаббача офаридааст. Соли 1958 мактаббачаи амрикоӣ Роберт Хефт дар доираи озмуне бахшида ба қабули иёлати Аляска ва Гавайи ба Иёлоти Муттаҳида ҳамчун иёлоти 49 ва 50-умин тарҳи парчами нави Амрикоро таҳия намуда, барои он баҳои чор гирифт. Муаллим ҳазл намуд, ки агар Конгресс кори ӯро қабул созад, баҳоро ислоҳ менамояд. Ва воқеан он баҳоро соли 1960 ислоҳ намудан зарур омад, зеро тарҳи кашидаи Хеттии ҳабдаҳсола аз байни ҳазорҳо кори дигар интихоб ва ҳамчун парчами давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул шуд.
Парчами сафед
Бояд гуфт, ки дар бештари маврид бардоштани парчами сафед дар муҳориба, хусусан дар киштӣ маънои «таслим мешавем» нест, балки «мо омодаем ба гуфтушунид» мебошад. Мувофиқи конвенсияҳои сершумори байналмилалӣ, агар капитани киштӣ қарор диҳад, ки парчами сафед баланд бардошта шавад, тамоми амалиёти ҷанг то анҷоми гуфтушунид қатъ мегардад. Агар дар бораи таслим шудан қарор кабул шавад, ҳамаи парчамҳо дар киштӣ фароварда мешаванд.
Таҳияи София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз















Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?






