Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки парламенти Қирғизистон роҳи арзишманди рушдро тай намуда, дар ташаккул ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии Қирғизистон саҳми назаррас гузоштааст.
Дар баробари ҳуқуқэҷодкунӣ парламенти Қирғизистон дар муайянсозии роҳҳои рушди минбаъдаи демократияи намояндагӣ, ташаккули заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои гузаронидани ислоҳот фаъолона иштирок намуда, дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр нақши муассир дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории васеъ бо ҳамаи давлатҳои дӯст буда, дар ин асос барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар заминаи ҳамкории анъанавии дӯстона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии байни давлатҳо ҳавасманд мебошад.
Дар конференсия ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони созмонҳои байниминтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






