Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар ҳошияи Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маънидод карда шуд.
Таъкид гардид, ки баъди баргузории даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе 24 декабри соли 2022 таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратию сармоягузорӣ бештар шуд ва имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ заминаи боэътимоди меъёриву ҳуқуқиро дар ин самт фароҳам овард.
Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси Фонд ё Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурду миёна дар Тоҷикистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда таъкид карда шуд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






