СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «Ховар». Президенти Озарбойҷон дар намоишгоҳи давлатҳои СПЕКА бо маҳсулоти ғурфаи Тоҷикистон шинос шуд

Ноябрь 23, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон «Намоишгоҳи давлатҳои СПЕКА*: ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор» ифтитоҳ шуд. Дар намоишгоҳ ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар доираи маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо маҳсулоти истеҳсоли ватании Тоҷикистон, ки дар ғурфаи мамлакат ба намоиш гузошта шудаанд, шинос гардид.

Қобили тазаккур аст, ки намоишгоҳ ба муносибати 25-солагии таъсиси СПЕКА* ташкил шудааст. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ намоиши иқтидори иқтисодии давлатҳои аъзо, баррасии муштараки имконоти шарикии мутақобилан судманд ва таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақавӣ байни давлатҳо мебошад.

Дар анҷоми намоишгоҳ баргузории форуми тиҷоратии соҳибкорон дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

———

* СПЕКА — Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон

Ноябрь 23, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд