ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, ҷумъа, 314-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.
***
10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном намуд.
***
10 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
10 ноябри соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.
***
10 ноябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим шуд.
***
10 ноябри соли 2015 масоили ҳамкории судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид.
***
10 ноябри соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО -2017 раҳматнома фиристод.
***
10 ноябри соли 2018 дар Чин ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иштирок намуд.
***
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аввалин фестивали «Оши палав» доир шуд.
***
10 ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
10 ноябри соли 2021 байни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
***
10 ноябри соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногун ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.
10 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.
***
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
***
Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Аълохон Афсаҳзод -соли 1935 -адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).