ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, панҷшанбе, 320-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 16, 2023 08:00

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саҳмияҳои НБО-и «Роғун» ҳарчи зудтар омода шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Борбад»-и пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳи хосса доир шуд.

***

Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил  шуда буд.

***

16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти мамлакат мусоидат менамояд, оғоз бахшиданд.

***

16 ноябри соли 2019 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ доир гардид.

***

16 ноябри соли 2021 дар КВД Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими расмии ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид.

***

16 ноябри соли 2022   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

16 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.

***

Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВВАЛЛУД ШУДААНД:

Юсуфшо Ёқубов — доктори илми таърих (1988), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017).

Ноябрь 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш