ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, душанбе, 310-умин рӯзи соли 2023 аст
6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.
***
6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
***
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
6 ноябри соли 2020 ҷаласаи навбатии Шурои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
***
6 ноябри соли 2021 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи Суруш» Форуми соҳибкории G5 таҳти унвони «Таърихи муваффақиятҳои соҳибкорони ватанӣ» бо иштироки зиёда аз 700 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд доир шуд.
***
6 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср сафар намуданд.
6 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Низорамо Зарифова — соли 1923 — ходими давлатӣ ва сиёсӣ