Ҳамаи кортҳоро, ҳатто корти VISA-ро аз Бонки Эсхата комилан ройгон фармоиш диҳед!

Декабрь 12, 2023 15:33

 ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Акнун Бонки Эсхата ҳамаи кортҳо, аз ҷумла кортҳои VISA-ро комилан ройгон пешниҳод менамояд!

Баробари ройгон фармоиш додани Корти миллӣ ва Корти локалӣ мизоҷони Бонк имконият доранд, ки корти VISA-ро низ комилан ройгон фармоиш диҳанд.

— Бидуни депозити суғуртавӣ

— Бе ташриф ба филиали бонк

— Бепул!

Муҳлати корт 5 сол аст. Пешниҳод аз 11 декабри соли 2023 то 1 апрели соли 2024 сол дастрас аст. Мизоҷон метавонанд кортҳои VISA Classic ва VISA Gold-ро бо суратҳисоби ҳам сомонӣ ва ҳам доллари ИМА тавассути барномаи мобилии «Эсхата Онлайн» бепул дастрас намоянд.

Дар менюи асосии «Эсхата Онлайн» ба бахши «Карты и счета» ворид шавед, дар поёни экран тугмачаи «Добавить карту или счёт»-ро пахш кунед, сипас «Заказать карту», корти зарурии VISA-ро интихоб намоед ва аз ҷои нишаст ба таври онлайн фармоиш диҳед. Ҳамин тариқ метавонед дигар намуди кортро низ дархост намоед.

Агар то ҳол «Эсхата Онлайн»-ро насб накарда бошед, пас барномаи мобилиро аз ин ҷо http://eskhata.com/online зеркашӣ намоед.

Афзалияти асосии корти VISA- ин эътирофи байналмилалӣ аст. Ба шарофати ин шумо метавонед корти VISA-и худро тақрибан дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон барои пардохти молу хизматрасониҳо истифода баред. Новобаста аз он ки шумо дар зодгоҳи худ ҳастед ё ба хориҷа сафар менамоед, корти VISA ҳамеша муфид хоҳад буд. Агар суратҳисоби корти VISA сомонӣ бошад ва шумо дар хориҷа қарор доред, пас ҳангоми пардохт бо корт пул ба таври автоматӣ ба асъори дилхоҳ табдил меёбад.

Ҳама кортҳои Бонки Эсхатаро комилан РОЙГОН, аз ҷумла корти VISA-ро худи ҳозир тавассути Эсхата Онлайн фармоиш диҳед!

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»

АКС: Бонки Эсхата

Декабрь 12, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки марказии Туркия тақвият медиҳад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3983 то 9.4000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1125 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии аъзои Шурои бонкҳои марказии АвруОсиё доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Al Fardan Exchange» баррасӣ карда шуд
Таҳкими ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар Сиан баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4037 то 9.4500 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1126 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1039 то 10.8000 сомонӣ муқаррар шудааст