Бунёди бинои баландошёна дастрасии сокинони шаҳри Хоруғро ба манзили истиқоматӣ осон мегардонад
ХОРУҒ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бунёди нахустин бинои 14-ошёна идома дошта, дар назар аст, ки тобистони соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Қабл аз ин чанд бинои 9 ва 12-ошёна ба истифода дода шуданд, аммо ин аввалин бино 14-ошёна аст.
Муовини Раиси шаҳри Хоруғ Файзулло Назархудозода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «бо мақсади рушди инфрасохтори маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони сохибистиклолии ҷумҳурӣ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ анҷом дода, ба масъалаи бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани сокинони шаҳр таваҷҷуҳи хосса равон намуд. Зеро аз аввали солҳои навадум то даҳаи аввали соли дуҳазорум шумораи сокинони дар навбати хона сабтшуда бамаротиб зиёд гардид, аммо Хоруғ як шаҳри хурди камзамин аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳарчӣ бештари аҳолӣ бо хона биноҳои баландошёна бунёд менамояд. Яке аз чунин биноҳо, ки алҳол сохтмони он дар сероҳаи хиёбони марказӣ идома дорад ва бояд тобистони соли оянда ба истифода дода шавад, ин бинои 14-ошёнаи истиқоматӣ мебошад».
Сохтмони ин бино, ки бар уҳдаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирсоз» гузошта шудааст, аз моҳи сентябри соли 2020-ум оғоз гардид ва ҳоло ба марҳилаи охири худ наздик аст. Бинокорон, ки шумораашон аз 50 нафар бештар аст, ҳоло ба корҳои андовакунӣ ва ороиши дохили ҳуҷраҳо машғул мебошанд. Дар шаҳри Хоруғ ин нахустин бинои 14-ошёна аст, аз ин рӯ ҳайати муҳандисон ва бинокорон талош меварзанд, ки биноро дар асоси риояи ҳамаи талаботи технологияи муҳандисию зилзилашиносӣ бунёд намоянд.
Ба гуфтаи сохмончиён, дар сохтмон бештар аз хишт истифода шудааст, ки гармиро дар фасли зимистон ва баръакс, сардиро дар фасли гармо нигоҳ медорад. Дар шароити иқлими сарди вилоят барои ҳар сокини минтақа гармии хона аз ҳама муҳим мебошад.
Ба гуфтаи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирсоз», ин бино аз 140 хонаи як, ду ва сеҳуҷрадор иборат аст ва ҳамаи хонаҳо дар асоси меъёрҳои мутобиқ ба замони муосири сохтмонӣ сохта шудаанд. Бунёди ин бинои муосир дар доираи барномаҳои марҳилаи нави рушди вилоят сохта шуда, ҳадафи ниҳоии сохтмони он дастрасии аҳолӣ ба хонаҳои нави истиқоматии замонавӣ мебошад.
Бунёд гардидани чунин иншоот, ки ҳам дорои хонаҳои истиқоматӣ ва ҳам марказҳои хизматрасонӣ мебошанд, ба боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






