Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон намуд. Дар ин хусус раиси ин ассотсиатсия Нарзулло Латипов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони се намуди варзиш – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.
Баҳодур Усмонов аз намуди бокс – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тошканд ва ғолиби «Шоми бокс» дар шаҳри Душанбе беҳтарин варзишгари сол гардид.
Ба даҳгона Сомон Маҳмадбеков аз намуди гӯштини ҷудо — барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе, барандаи медали биринҷии Гранд-слами Тошканд; Давлат Болтаев аз намуди бокс – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби «Шоми бокс» дар шаҳри Душанбе; Темур Раҳимов аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, медали нуқраи «Hungary Masters-2023» дар Будапешти Венгрия, медалҳои нуқраи Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе; Миҷгона Самадова аз намуди бокс — барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024; Беҳрӯзи Хоҷазода аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, медалҳои нуқраи «Hungary Masters-2023» дар Будапешт ва Гран-прии Душанбе; Хайрандеш Муродзода аз рӯйи намуди кураш – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон; Эмомалӣ Нуралӣ аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали тиллои Гранд-слами Тошканд; Абубакр Шеров аз намуди гӯштини ҷудо – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар шаҳри Одивеласи Португал, медали нуқраи Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар шаҳри Тошканд ва Фариноз Абдуллоева аз намуди бокс – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар шаҳри Еревани Арманистон, медали биринҷии Чемпионати Осиё байни наврасон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ворид гардиданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






