Дар Душанбе ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.
Дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи Ҷумҳурии Туркияро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории ду мамлакат гуфтугӯ анҷом дода, барои дар оянда мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳумро байни мақомоти зиддиинҳисории ду мамлакат мувофиқи мақсад шумориданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории ҳарду ҷониб барои ҳамкории минбаъда мувофиқ донистанд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






