Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти «Ирфон» дар дастгоҳи марказии Кумита намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро ташкил намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.
Зимни баргузории намоиш-фурӯши китоб кормандони Кумита китобҳои тозанашри нашриёти «Ирфон»-ро, ки дар байни онҳо асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори назму насрии адибони классику муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон мавҷуд буд, бо теъдоди гуногун хариданд.
Бояд тазаккур дод, ки «Ирфон» яке аз маъруфтарин нашриёти собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тақрибан 100 сол инҷониб дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи маънавии миллат саҳм мегузорад. Ин нашриёт беҳтарин китобҳоро бо сифати намунавӣ нашр намуда, пешниҳоди хонандагон гардонидааст.
Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист чунин иқдомро хуш истиқбол намуда, барои дастрас ва мутолиа намудани китобҳои мехостаашон ба масъулини нашриёт дархост пешниҳод намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






