Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст

Декабрь 3, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ — октябри соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 8 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпласт, «Детйен Бетон», «Ауфен», «Ғаюрсаноат», «Оро», «Миср-2001», «Техно полоиш», «Сохтмон-11» фаъолият намудаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 50670, 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 корхонаи истеҳсолӣ- ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» таъсис дода шуданд.

ҶДММ «Ғаюрсаноат» зиёда аз 20 намуд маҳсулоти рақобатпазир ва хушсифат истеҳсол менамояд

Дар 10 моҳи соли равон ҶДММ «Ғаюрсаноат» ба маблағи 1299, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Корхонаи мазкур бо сармоягузориҳои ватанӣ дар ҳаҷми 26 миллион сомонӣ бо таъсиси 30 ҷойи кории доимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Корхона зиёда аз 20 намуд маҳсулоти рақобатпазир ва хушсифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, хусусан 4 намуд ранги эмулсонӣ, 3 намуд ранги синтетикӣ, 4 намуд таҳранг, 6 намуд андоваи ороишӣ, калсид (зарачаҳои мармарӣ) ва барои эҳтиёҷоти худ сатилҳои пластикӣ ва қуттиҳои оҳанин истеҳсол менамояд.

Иқтидори истеҳсолии корхона ба 13,5 ҳазор тонна маҳсулот баробар мебошад. Аз ҷумла дар як шабонарӯз 25 тонна ранги эмулсионӣ, 10 тонна ранги синтетикӣ, 5 тонна таҳранг, 10 тонна андоваҳои декоративӣ, 20 тонна калсид, 1000 дона қуттии оҳанин ва 600 дона сатилҳои пластикӣ истеҳсол мегардад.

Дар корхона 60 фоизи ашёи хом ватанӣ буда, боқимонда аз давлати Туркия оварда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона аллакай ба бозорҳои мамлакат роҳ ёфта, харидорони зиёд дорад.

ҶДММ «Ауфен» конструксияи металлии хонаҳои то 50 — ошёнаро истеҳсол менамояд

Дар 10 моҳи соли равон Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ауфен» ба маблағи 37774, 0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Корхонаи истеҳсолии «Ауфен» оид ба коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар масоҳати 4 га қитъаи замини МОИ «Данғара» бо сармоягузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА сохта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолоти солонаи корхона тибқи бизнес-нақша коркарди 120 000 тонна металлро ташкил дода, дар он таъсиси 82 ҷойҳои корӣ ва дар оянда барои 200 нафар пешбинӣ гардидааст.

Корхонаи мазкур конструксияи металлии хонаҳои то 50 — ошёна, барои НБО, бомпӯшҳо, пулҳо, гармхонаҳову ангарҳо ва ғайраро истеҳсол намуда, то ин вақт ба ҷумҳурӣ аксари чунин маҳсулот аз Русия ва дигар давлатҳо ворид мешуд. Имрӯз дар ин корхона мутахассисони чинӣ ва сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи «Данғара» рушд меёбад

Хотиррасон мешавем, ки соли 2007 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Лоиҳаи Оиннома, Низомнома ва асоснокунии таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз рӯи масоҳати 242, 31 гектар омода карда шуда буд. Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам васеъ намудани ҳудуди минтақа ва ҳарчи бештар ташкил намудани корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолии саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор ҷалбкунии захираҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодиёти минтақа масоҳати он васеъ гардид. Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи «Данғара» моҳи феврали соли 2009 таъсис дода шуда, масоҳати он 541, 3 гектарро дар бар мегирад.

Чанд рўз пеш Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, бо ҳамроҳии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Данғара рафта, бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ аз ҷониби меҳмонон оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак таклифу пешниҳодҳои муфид баён гардид. Бо амалӣ шудани ин пешниҳодот фаъолияти минтақаи мазкур боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Дар Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад

Дар айни замон дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва Кўлоб амал менамоянд. МОИ «Суғд» ва «Панҷ» соли 2008, МОИ «Данғара» ва «Ишкошим» соли 2009 ва МОИ «Кӯлоб» соли 2019 таъсис дода шудаанд.

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси минтақаҳои озоди саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани ашёи хом, бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори дохилӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст. Барои фаъолияти бемонеа ва самарабахши соҳибкорону сармоягузорон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҷмӯан зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайян шудаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд