Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул шудаанд

Декабрь 9, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2004 инҷониб 9 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 25 сентябри соли 2006 то кунун зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар робита ба ин сана ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва  ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода ворид шудааст, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардонем.  

Дар ҷаҳони имрӯза коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хавфнок буда, дар рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Бинобар ин, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давлату Ҳукумати мамлакат мунтазам барои паст намудани шиддат ва сатҳи коррупсия кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд. Чунончи, дар мамлакат дар самти мубориза бар зидди коррупсия якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳияву қабул гардида, инчунин мақомоти махсуси муборизабаранда ба коррупсия таъсис дода шудааст.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 24 апрели соли 2010, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ироа гардид, бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо, баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо махсус таъкид гардид.

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 28 декабри соли 2012 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмуъ, низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.

Барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ шуд. Ҳамчунин 14 декабри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва низомномаи он тасдиқ гардид. Шурои миллӣ мақоми машваратӣ, ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 58-ум бо мақсади мусоидат ба қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии судманд ва таъсирноки коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, ҳавасмандсозӣ, сабук намудан, дастгирии ҳамкории байналмилалӣ ва ёрии техникӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, аз ҷумла, андешидани чораҳо баҳри баргардонидани дороӣ, ҳавасмандсозии поквиҷдонӣ, садоқат ва масъулиятшиносӣ, инчунин, идораи дахлдори корҳои оммавӣ ва амволи оммавӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсия зидди коррупсияро қабул кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Тибқи  Конвенсия яке аз вазифаҳои давлат ва мақомоти давлатӣ мусоидат, қабул ва таҳкими чораҳои пешгирии судманд бар зидди коррупсия мебошад.

 

Бояд хотиррасон шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ба тасвиб расид, ки он ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд.

Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари муқовимат ба коррупсия муваззаф шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 доир ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия сухан намуданд ва дар назди мақомоти муборизабаранда ба коррупсия вазифаҳои нав гузоштанд, ҳамчунин дар таҳрири нав таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (аз 25 июли соли 2005) таъкид шуд. Тавре Сарвари давлат иброз намуданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».

Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тибқи муқаррароти Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ гардида, 7-уми августи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд. Ин Қонун фарогири 7 боб ва 36 модда буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона шудааст.

Бинобар анҷом ёфтани муҳлати «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» зарурат ба миён омад, ки стратегияи нав таҳия ва қабул гардад. Бояд қайд кард, ки дар давраи амалисозии Стратегияи зикргардида барои паст намудани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Мутаассифона, ҳоло низ дар ҷумҳурӣ мушкилоти коррупсия ҳалли пурра наёфтааст. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сеюм дар самти муқовимат ба коррупсия таҳия ва қабул  шуд. Чунончи, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии ин Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст кардани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.

Ҳамин тавр, заминаи қонунгузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамгардида ва ташкили мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия имконият дод, ки муқовимат алайи ин падидаи номатлуб пурзӯр гардида, амалҳои коррупсионӣ коҳиш дода шуданд.

Хулоса, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, кори дастҷамъӣ аст, яъне дар ин самт бояд, ки ҳар сокини мамлакат, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма низ саҳми фаъол дошта бошанд. Ҳамзамон, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда ва дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда, хусусан, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур  аст, ки барои аз байн бурдани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста тадбирҳои дахлдор андешанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд