ДАРАХТ БИНШОН! Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор сӯзанбаргҳои ҳамешасабз шинонида шуданд

Декабрь 10, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор, ки сохтмонаш анҷом ёфтааст, бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади сарсабзу хуррамгардонӣ  майдонҳои назди Парчам ва Нишони давлатӣ  майсазор гардида, ниҳоли сӯзанбаргҳои ороишии намуди «можжевелник», ки хеле зебову ҳамешасабз мебошанд,  шинонида шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади вусъати  корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода» 23 декабр дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ин ҳашар дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар баробари корҳои ободонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ низ гузаронида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 10, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд