ДАРАХТ БИНШОН! Дар маркази ноҳияи Ховалинг беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Декабрь 27, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар боғи Парчами ноҳияи Ховалинг беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва 2000 бех пиёзаки гули лола шинонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин тадбир дар доираи  раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда, ба  сабзу хуррам гардонидани маркази  маъмурии ноҳия  мусоидат менамояд.

Дар ноҳияи Ховалинг ҳамчунин бо иштироки 450 нафар кормандони гуногункасб ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия маъракаи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 10 метри мукааб  партовҳо аз дохили ҷӯйҳои обгузар ва шафати роҳҳо ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи асосии ноҳия интиқол дода шуданд.

Чунин тадбирҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия гузаронида мешаванд.

       АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд