ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеъҳои Парваришгоҳи ноҳияи Сангвор 1800 бех ниҳолҳои дарахтони мева ва ҳамешасабз шинонида шуданд

Декабрь 20, 2023 16:22

САНГВОР, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеъҳои Парваришгоҳи  ноҳияи Сангвор ва минтақаҳои ҷангалпарварии Чилдара 4 гектар ҷангал бунёд шуд, ки дар он 1800 бех дарахтони себи кӯҳӣ, хуч, ақоқиё, чормағз ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор Раҳмиддин Аҳмад ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар маъракаи тирамоҳии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Вахёи ноҳияи Сангвор тариқи ҳашари умумӣ  зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои олуча, зардолу, олу, ақоқиё ва чормағз шинонида шуданд.

Тибқи иттилои мутахассисони ҷангал, ҳадаф аз шинонидани дарахтони себи кӯҳӣ, чормағз ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳанда дар ҷангалзори ноҳияи Сангвор таъмини ҳайвонҳои нодири ин минтақа бо хӯрокворӣ ва ҷамъоварии ҳосили фаровон мебошад, ки ин бойигарии ҷангал ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор зиёда аз 6000 бех ниҳолҳои гуногун парвариш меёбанд, ки дар оянда ба бунёди ҷангалзори ноҳия мусоидат менамоянд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Сангвор, ба хотири гузаронидани маъракаи ноҳиявии сабзазоркунӣ ва ободонӣ дар солҳои 2023-2024 дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 5930 бех дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, ҳамешасабз ва гулу буттаҳо шинонида мешаванд.

Мардуми  заҳматпешаву ободгари ноҳияи Сангвор ният доранд, ки бо шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, гулу буттаҳо ва тоза намудани атрофи корхонаву муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар ободии диёр саҳм гузоранд. Зеро сокинони  ноҳияи Сангвор чун дигар мардуми Тоҷикистон ба хубӣ дарк намудаанд, ки ободии Ватан аз ободии маҳал ва ҳар хонаи он сарчашма мегирад.

   АКС: Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор

Декабрь 20, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд