Давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия менамоянд. Ин нукта дар нишасте, ки дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳузури ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқоти ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд.
Ин нишаст бо мақсади таҳкими мавқеъ ва садои минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар равандҳои музокирот оид ба тағйирёбии иқлим дар Конфронси 28-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) бо нозирон ва мушовирони байналмилалӣ доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва стратегияҳои иштироки фаъолонаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самтҳои асосии COP 28 баррасӣ намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи гузориши саҳомии фонди талафот ва хисорот, маблағгузории иқлим, инчунин иҷрои бандҳои асосии Созишномаи Париж буд.
Нозирон ва мушовирони байналмилалӣ оид ба равандҳои музокироти COP 28 иштирокдоронро бо ҷанбаҳои асосии ҷаласаҳои мубоҳисавӣ шинос намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






