Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф ба амал меояд

Декабрь 16, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борону барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат рӯзона ба 4+8 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар шарқи вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борону барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарб шабона аз 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 11-16 ва рӯзона аз 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 3+8, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борону барф ба амал омада, туман мефарояд.  Шамол аз самти ҷанубу ғарб  бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 16, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад