Имрӯз дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво ва борону барфи пуршиддат дар назар аст

Декабрь 12, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ борон ва барф ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок  дар назар дошта  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барфи бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барфи бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, асосан борон ба амал омада, дар охири рӯз ба барфи тар гузашта, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 12, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа