ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲҲО. 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои кӯҳистон зиндагӣ менамояд

Декабрь 11, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 10 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва 20 фоизи аҳолии кураи Замин  дар баландиҳои зиёда аз 1000-2000 метр аз сатҳи баҳр ва беш аз он- дар минтақаҳои баландкӯҳи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ менамоянд. Имрӯз, 11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо /International Mountain Day/ маҳсуб мешавад. Ин сана бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ моҳи январи соли 2003 сабт гардида, бо қатъномаи A/RES/57/245) маъмул аст.

Ҳадаф — дастгирии сокинони бумии манотиқи кӯҳистон

Баргузории Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо қаблан  соли 1992 дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд, вақте ки рӯзномаи  асри 21 қабул шуд, боби 13-и он «Истифодаи оқилонаи экосистемаҳои осебпазир: рушди устувори кӯҳҳо» дар таърихи кӯҳистон марҳилаи муҳим гардид. Таваҷҷуҳи бештар ба нақши кӯҳҳо Ассамблеяи генералиро водор сохт, ки соли 2002-ро Соли байналмилалии кӯҳҳо эълон намояд. Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки дар ин рӯз дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо баргузор намоянд, то таваҷҷуҳ ба мушкилоти рушди манотиқи кӯҳистонии сайёра ва зарурати расонидани кумак ба аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кураи Замин ҷалб гардад. Дар қатънома аҳамияти хоссаи чорабиниҳое, ки ба рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид гардидааст. Ҳадафи таҷлили ин сана ҳифзи сарватҳои табиии ҷаҳон, дастгирии сокинони бумии манотиқи кӯҳистон, баланд бардоштани огоҳии мардум аз мушкилот ва аҳамияти кӯҳҳо мебошад.

70 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ менамояд

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сар ба фалак буда,  93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд. Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои осмонбӯс аст,  кӯҳҳои Помирро беасос «Боми Ҷаҳон» ном намебаранд. Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикистон — Помир, Олой, Фон, Ҳисор, Зарафшон, Туркистон  таърихи куҳан дошта, ба радифи кӯҳҳои ҷавон дохил мешаванд. Қисми зиёди кӯҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда, дар онҳо боигариҳои табиӣ, назири тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин  бартарияти дигари кӯҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хеле зебою дилкаш ва назаррабо ҳастанд. Ин аст, ки зебоии  нотакрори табиати биҳиштосои кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хусусан кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир  таваҷҷуҳи  ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Кӯҳҳои Тоҷикистон- сарчашмаи обҳои мусаффо

Кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффои мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказиро ташкил дода,  аз об шудани барфу пиряхҳои кӯҳҳо дарёҳои Вахш, Сирдарё ва Панҷ сероб мегарданд. Нисфи кӯҳҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландтар буда,  дар онҳо гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонот вомехӯранд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ — яке аз баландтарин қулла дар ҷаҳон

Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии  7495 метр баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва яке аз баландтарин қулла дар ҷаҳон мебошад. Дарозии кӯҳҳои Помир  800 км  ва  5000-7000 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, асосан аз  кӯҳҳои берастанӣ ва сангҳо иборат ҳастанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Омуро  ташкил медиҳанд. Соли 2019 кӯҳҳои Помири  Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Сайёҳони кӯҳнавард ба тамошои кӯҳҳои Тоҷикистон меоянд

Тоҷикистон дар радифи давлатҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳнавардӣ даромади зиёд ба даст орад,  зеро  мамлакати мо, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо табиати зебою нотакрораш  қалби садҳо сайёҳони хориҷӣ, хусусан кӯҳнавардони ҷаҳонро тасхир  намудааст. Ҳамасола садҳо сайёҳи кӯҳнавард ба сарзамини Тоҷикистон омада,  аз зебоиҳои дилфиреби қуллаҳо ва табиати биҳиштосои мамлакати мо  ҳаловат мебаранд

Кӯҳҳо- манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии 1,2  миллиард аҳолии минтақаҳои кӯҳистони ҷаҳон

«Кӯҳҳо тақрибан чоряки сатҳи замини ҷаҳонро ишғол менамоянд. Онҳо дар ҳаракати ҷаҳони мо ба сӯи рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим доранд, зеро дар кӯҳҳо 15 фоизи аҳолии сайёра зиндагӣ менамояд. Кӯҳҳо на танҳо манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии қариб 1,2  миллиард аҳолии минтақаҳои кӯҳистонро таъмин менамоянд, балки бавосита ба миллионҳо нафар аҳолӣ, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ доранд, нафъ мебахшанд. Кӯҳҳо мамнуъгоҳи бисёр навъҳои гуногуни набототу ҳайвонот, манбаи оби ҳамаи дарёҳои асосии кураи Замин мебошанд. Нисфи гуногунии биологии ҷаҳон дар кӯҳҳо ҷойгир аст. Некуаҳволии қариб нисфи аҳолӣ аз захираҳои обӣ, озуқа ва энергияе, ки дар қаторкӯҳҳо мавҷуд аст, вобаста мебошад. 

Туризми кӯҳӣ аз 15 то 20 фоизи сайёҳии ҷаҳониро ҷалб менамояд

Кӯҳҳо- экосистемаҳои нозук аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, ки сарчашмаи аксари оби тозаи ҷаҳон, макони гуногунии биологӣ ва мероси ғании фарҳангӣ, фароғат ва сайёҳӣ мебошанд. Зимнан, туризми кӯҳӣ аз 15 то 20 фоизи сайёҳии ҷаҳониро ҷалб месозад. Кӯҳҳо сарвати табиӣ мебошанд, ки мо бояд онҳоро ҳифз намоем. Тибқи маълумоти СММ, тақрибан 15% тамоми инсоният дар кӯҳҳо зиндагӣ менамоянд. Тақрибан 50% тамоми гуногунии биологӣ дар кӯҳҳо ҷойгир аст.

Гуногунии зиёди экосистемаҳо, намудҳо ва захираҳои генетикӣ кӯҳҳоро беназир мегардонанд. На танхо барои саёҳат ва ғановат, балки барои ҳаёт ҳам.

                  Тағйирёбии иқлим ба кӯҳҳо таъсир расонидааст

Мутаассифона, кӯҳҳо аз сабаби тағйирёбии иқлим, таназзули замин, истифодаи аз ҳад зиёд ва офатҳои табиӣ зери таҳдид қарор доранд. Тағйирёбии иқлим ба кӯҳҳо бештар таъсир мерасонад. Аллакай бисёр одамон норасоии об ва ғизоро эҳсос менамоянд. Об шудани қуллаҳои барфӣ боиси фаромадани тарма, ярч ва обхезӣ дар водиҳо мегардад. Аз ҳар се як сокини кӯҳистон хатари ноамнӣ ва озуқавориро эҳсос менамояд. Баробари гарм шудани иқлим сокинони кӯҳистон дар мубориза барои зинда мондан ба душвориҳои боз ҳам бештар дучор мешаванд. Баландшавии ҳарорат инчунин маънои онро дорад, ки пиряхҳои кӯҳӣ бо суръати бесобиқа об мешаванд ва ба таъминоти оби тоза барои миллионҳо одамон таъсир мерасонанд.

Бояд партовҳои гази карбонро кам намуд

Ин мушкилот ба тамоми инсоният дахл дорад ва бояд давлатҳои ҷаҳон партовҳои гази карбонро кам намоянд. Мавзуи Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо соли 2023 «Барқарорсозии экосистемаҳои кӯҳӣ» муайян шудааст. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти экосистемаҳои кӯҳӣ ва даъват ба ҳалли мушкилоти табиат, таҷрибаҳо ва сармоягузориҳо мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 11, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ДУШАНБЕ. Бахшида ба конфронси байналмилалӣ бар зидди терроризм дар Кувайт ҳамоиш баргузор гардид
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст